Клинтон: ҳадия Трамп ба ҷаҳон , худдорӣ аз оғози ҷанг дар ховаримиёна аст

Вазири хориҷаи собиқи Амрико ва номзади пешини ҳизби Демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2016 бо интишори як паём дар сафҳаи корбарии худ дар Твитер нисбат ба эҳтимоли ҷанг афрӯзии Трамп дар ховаримиёна ҳушдор дод.

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ , “Ҳиллари Клинтон”, номзади Демократи Амрико дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2016 рӯзи се шанбе дар як паёми Твитерӣ навишт : «ҳадияе ки Трамп метавонад ба Амрико ва ҷаҳон бидиҳад ин аст, ки дар 15 рӯзи поёнии раёсати ҷумҳуриаш ҷанги бо “Ҷумҳурии Исломии Эрон”-ро, оғоз накунад».

Клинтон, дар идомаи паёми худ афзуд : «сахт аст, ки бигуем давлати Трамп даст ба иқдомоти тааммудӣ мезанад ё ин воқеан нишонаи нотавонии онҳост?!»

Ин вазири хориҷаи собиқи Амрико дар давраи “Барак Обама”, дар поёни паёми Твитерии худ навишт : «Дар ҳар сурат, онҳо [ давлати Трамп ] дар ҳоли анҷоми як бозии хатарнок ҳастанд ».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад