Созмонҳои ҷосусии “ИМА” Русияро масъӯли ҳамалоти киберӣ ба сохторҳои давлатӣ донистанд

Созмонҳои иттилоотии Амрико, Русияро масъӯли ҳамалоти густардаи киберӣ ба сохторҳои Федероли Иёлоти Муттаҳида эълом карданд.

 

 

Паёмадҳои ҳамлаи киберии  мавсум ба “Solar Winds”, ба бисёре аз созмонҳоиҳои Федероли Амрико аз ҷумла бархе вазоратхонаҳои ин кишвар дар моҳи гузашта , ҳамчунон идома дорад.

Дар ин росто идораи таҳқиқоти Федерол ( FBI),  созмони иттилооти миллии ( DNI), ожонси амнияти миллии ( NSA ) ва ожонси амнияти киберӣ ва зерсохтҳои Амрико (CISA ) бо интишори баёнияи муштараке эълом карданд, ки Русия пушти ин ҳамалот аст.

Дар ин иттилоъия бо ишора ба роҳ андозии як коргурӯҳи муштарак, пас аз ҳамалоти киберии мазкӯр омада аст : дар натиҷаи мутолиъоти сурат гирифта мушаххас шуда аст, ки таҳдиде, ки ба назар мерасад маркази он дар Русия бошад , пушти ҳамалоти киберии ахир аст.

Бар асоси ин гузориши созмонҳои мазкӯр ҳамчунин бар тадовуми раванди таҳқиқот дарбораи ҳамалоти киберӣ таъкид кардаанд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад