Эътирофи шахсиятҳои ҷаҳон ба нақши барҷастаи шаҳид Сулаймонӣ дар мубориза бо терорристҳо

Натанҳо дӯстон ва шахсиятҳои исломӣ, балки душманон ва мухолифони генерал Сулаймонӣ ҳам ба шахсияти болои вай эътироф кардаанд, ки чанд маврид аз эътирофи ин афрод ва мақомоти амрикоиро дар бораи Қосим Сулаймонӣ зикр мекунем:

Стэнли А.Маккристал

Генерали амрикоӣ дар бораи Сулаймонӣ мегӯяд: “Ончи мавриди тавофуқи ҳама аст ни мебошад, ки наметавон муваффақиятҳои Сулаймониро дар майдонҳои ҷанг нодида гирифт. Ин шахсият бидуни иддао ва дорои суботи қадам, даҳҳо сол аст сиёсати хориҷии Эронро дар минтақа кантрол мекунад”.

Раиси собиқи Ситоди муштараки артиши Амрико ва раҳбари кулли собиқи CIA мегӯяд: “Қосим Сулаймонӣ фарди бисёр тавонманду мудаббир ва душмани шоиста аст”.

Залмай Халилзод

Сафири собиқи Амрико дар Афғонистон ҳам дар мавриди генерал Сулаймонӣ гуфта аст: “Ҳамон‌ андоза, ки мақомоти амрикоӣ Сулаймониро ба ҷангафрӯзӣ муттаҳам мекунанд, ӯ дар эҷоди сулҳ ҳам барои расидан ба аҳдофаш фаъол будааст. Ӯ дар поён додан ба даргириҳои неруҳои Муқтадо Садр ва неруҳои ироқӣ дар Басра, нақши ҳаётӣ дошт, таҳдиде, ки мумкин буд нооромиҳои он густариш ёфта ва паёмадҳои вахиме ба вижа барои манобеи нефтии Ироқ дар пай дошта бошад”.

Дэвид Ҳ. Петреус

Раиси собиқи Ситоди муштараки артиши Амрико генерал Сулаймониро “душмани шоиста” хондааст.

Барак Обама

Раисҷумҳури собиқи Амрико дар соли 2014 дар мулоқот бо Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ гуфт: “Ӯ душмани ман аст, вале ман барои ӯ эҳтироми вижае қоил ҳастам”.

Таъсиргузортарин шахсияти Ховари Миёна

Илова бар амрикоиҳо, аврупоиҳо ҳам тавваҷӯҳи зиёде ба Сулаймонӣ доштаанд. Дар моҳи майи 2017 рӯзномаи Ломондеи Фаронса дар як гузорише дар ҳоле, ки акси дар ҳоли намозхондани генерал Қосим Сулаймониро ба сурати бузург нашр карда буд, ба таърифи ва ситоиш аз Фармондеҳи неруии Қудси Сипоҳи Посдорони Эрон пардохт ва вайро “Қавитарин марди Ховари Миёна” ва “Че Гевараи Эрон номид.

“Ӯ мехоҳад шаҳид шавад”. Ин иборате буд, ки дар гузориши Ломонде дар бораи генерал Қосим Сулаймонӣ ба нақл аз як чеҳраи расонаии дохили Эрон зикр шуда буд.

Леонид Григорвич Ивашов

Вай яке аз шахсиятҳои барҷастаи низомӣ ва иҷтимоии иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқ ва Русия аст. Вай иллати террори Сулаймониро шикасти Амрико дар баробари чунин фармондеҳони барҷаста дар арсаи мубориза бо тероризм дар минтақа медонад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад