Лимити барқ расман ҷорӣ шуд

Манобеи ҳукумати Тоҷикистон аз иҷрои дубораи маҳдудияти барқ дар манотиқи рустоии кишвар аз шаби 5 январ хабар додаанд.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, ин маҳдудият аз соати 23 шаб то 6 субҳи иҷро хоҳад шуд ва танҳо манотиқи рӯстоиро шомил мешавад.

Далели иҷрои дубораи маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон коҳиши мизони захоири об дар сади нерӯгоҳи барқи обии Норак унвон мешавад, ки дар муқоиса бо зимистони соли 2020 бо коҳиши 4 метрӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Дар бораи замони лағви маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон гузорише мунташир нашудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар нишаст бо ҳайати ҷадиди ҳукумат дар рӯзи 15 декабри соли 2020 гуфта буд: “Дар ҳоли ҳозир ба миқдори кофӣ об дар сади Нерӯгоҳҳои барқи обии кишвар захира шудааст. Аммо бо фарорасии фасли сармо ва сарфаҷӯӣ накардан дар масрафи барқ эҳтимоли маҳдудияти дубораи он пеш хоҳад омад”.

Раисҷумҳури хостори он шуда буд, ки кори таблиғотӣ барои даъвати шаҳрвандон ба сарфаҷӯӣ дар масрафи барқ шиддат ёбаду ҳамчунин аз истифода аз васоили барқии пурмасраф дар хонаҳо, идораҳо ва созмонҳо ҷилавгирӣ шавад.

Мақомоти кишвар пас аз ду моҳними маҳдудияти барқ дар кишвар рӯзи 10 декабри соли 2020 ин маҳдудиятро лағв карда буданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад