Марги беш аз 600 рӯзноманигор бар асари “коронавирус” дар ҷаҳон

Аз якуми марти 2020 токунун 602 рӯзноманигор дар саросари ҷаҳон бар асари ибтило ба коронавирус, ҷон бохтанд.

 

 

Созмони мардум ниҳоди “Press Emblem Campaign”, ( PEC ) дар Женева бо интишори баёнияе эълом кард, ки аз якуми марти 2020 токунун 602 рӯзноманигор аз 59 кишвар бар асари ибтило ба коронавирус ҷон бохтанд.

Бар ин асос , тайи 10 моҳи гузашта рӯзона ба таври мутавассит 2 рӯзноманигор ибтило ба коронавирус шуда ҷони худро аз даст доданд.

Бештари мавориди марги рӯзноманигорон тайи ин муддати замонӣ дар кишварҳои Амрикои Лотин мушоҳида шуд . Дар ин кишварҳо 303 рӯзноманигор бар асари коронавирус фавт  карданд.

Дар кишварҳои Осиёӣ 145 , Аврупоӣ 94 , Амрикои Шимолӣ 32 ва Африқоӣ 28 рӯзноманигор пас аз ибтило ба коронавирус ҷони худро аз даст доданд.

Коронавирус  дар Перу 93 , Бразилия 55 , Ҳинд 53 , Мексика 45 , Эквадор 42 ва Бангладеш 45 , Италия 37 , Амрико 31 , Покистон 22 ва Туркия 17 рӯзноманигорро ба коми марг расонд.

Бар асари коронавирус дар Англия 13 , Панама 11 , Боливия 9 рӯзноманигор ва дар Афғонистон , ҷумҳурии Доминикан, Нигерия ва Русия низ 8 рӯзноманигор ҷони худро аз даст доданд.

Ин созмон дар баёнияи худ ҳушдор дод : мавориди марги рӯзноманигорон бар асари коронавирус дар бархе кишварҳо сабт намешавад ва рӯзноманигорони фавт карда низ мавриди озмоиш қарор намегиранд . Бад-ин далел омори воқеӣ болотар аст . Омори марбути мавориди марги рӯзноманигорон аз коронавирус мумкин аст гумроҳ кунанда бошад .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад