Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар ин маросим “Муҳаммади Кишоварззода”, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Чин дар суханонии худ, бо баёни бархе аз вижагиҳои сардори шаҳид, “Қосим Сулаймонӣ” гуфт : ин шаҳиди воло мақом на танҳо дар умури низомӣ фарди мутахассис ва огоҳ буд балки таҳлилгари бисёр моҳир дар мавзӯъоти мухталиф буд.
Кишоварззода афзуд : вақте шаҳид Сулаймонӣ, дарбораи мавзӯъ ё минтақае таҳлил ироа мекард ҳамеша матолибаш нав, роҳбурдӣ, дақиқ ва роҳгушо буд . Шаҳид, “Қосим Сулаймонӣ”, меҳмони давлат Ироқ буд ва Амрико бо ин иқдоми ноҷавонмардона , қавонин ва муқаррароти байналмилалиро нақз кард.
Аббос Алии Вафоӣ, Мушовири фарҳангии “Ҷумҳурии Исломии Эрон” дар Чин низ дар ин маросим гуфт : шаҳид “Қосим Сулаймонӣ”, ба иллати хадамоти фаровон ба мардуми кишварҳои ситам дида , имрӯз ному ёди ӯ дар азҳони миллатҳои мухталиф зинда хоҳад монад ва роҳи ӯ ҷовидонатар мешавад.
Ҳамчунин дар ин маросим бархе аз ҳамразмони шаҳид “Қосим Сулаймонӣ”, гушаҳое аз зиндагии ин шаҳиди бузургворро ташреҳ карданд .