Сулаймонӣ; мактаби созанда ва асарбахш

Имон, дифоъ аз мазлумон ва талош барои суботу амният дар минтақа аз вижагиҳое буд, ки дағдағаи Қосим Сулаймонӣ буд ва ин вижагиҳои вай ӯро ба як мактаби дарсомӯз табдил кард

Муқаддима

Фарҳанги шаҳодат маҷмӯае аз мафоҳиме аст, ки фидокорӣ ва майл ба шаҳодатро дар инсон ба вуҷуд меоварад ва бо пойдор гаштани хислатҳои нек дар вуҷуди инсон, фарҳанги шаҳодат ҳам рангу бӯи илоҳӣ мегирад. Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи аршади ҶИЭ, яке аз ҳамон касоне аст, ки хислатҳои неки ӯ барои дусту душман равшан будааст ва террори ӯ доғе бар дили тамоми ҷаҳониён гузошт ва ҷойгоҳаш пас аз шаҳодат беш аз пеш маълум гашт ва бо шаҳодати худ як ҳаракати ҷиддӣ ва ва ҷараёни созанда ва асарбахшро эҷод намуд.

Қабл аз ҳама бояд донист, ки Қосим Сулаймонӣ ҳеҷгоҳ дар пайи ному шӯҳрат ва овоза набудааст ва дар тӯли ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии худ ҳамеша ба атрофиёни худ ва тамоми мардум хидмат кардааст. Инчунин бо ҳузур дар арсаи набард ва мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ як хидмати бузурге ҳам ба тамоми мусалмонони ҷаҳон кардааст ва ҷумали “мактаби Сулаймонӣ” бо истинод ба суханони Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари ҶИЭ бар сари забонҳо афтод. Эшон пас аз шаҳодати Сулаймонӣ хитоб ба тамоми мардум ҷаҳон гуфтанд: “Ба шаҳид Ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ ба чашми як фард нигоҳ накунем, ба чашми як мактаб, як роҳ ва як мадрасаи дарсомӯз нигоҳ кунем”.

Мактаби Сулаймонӣ, мактаби бузурге аст, ки ҷавонони зиндадил дар тамоми дунёро ба Сулаймонии дигар табдил мекунад, аммо Сулаймонӣ чӣ вижагиҳое дошт, ки “мактабсоз” шуд? Ӯ сарбози мухлиси Худо буд, ки дар роҳи Худо ҷиҳод кард ва дар ин набард ва дифоъ аз дин дар баробари куфру нифоқ ва дифоъ аз мазлум ҷонашро фидо кард, то тавонист таҳаввули муҳиме дар ҷаҳон ба роҳ андозад.

Вижагиҳои мақтаби Қосим Сулаймонӣ

Бо як нигоҳ ба ҷанбаҳои мухталифи зиндагии вай метавон ба мактаби дарсомӯз будани вай пай бурд, ки дар инҷо ба чанд мавриди муҳим ишора хоҳад шуд.

  1. Имон

Имон ва эътиқод ба Худованд буландтарин ва латифтарин андешае аст, дар мағзу фикри башар роҳ ёфтааст, ки дилро равшан, умедвор ва хушбин мекунад ва ба одам нерӯ мебахшад. Сулаймонӣ фармондеҳи мӯъмину Худобовар буд; зиндагии ҳадафманд дошт, дар ҳама ҳол бонамоз буд, амонатдору вафодор ба паймонҳҳои худ бо атрофиён ва паймонҳояш бо Худованд буд, паноҳи дигарон ва ёри мардони Худо буд, бо молу ҷон дар роҳи Худо ба ҷиҳод бархоста буд ва баробари кофирон истодагӣ мекард. Ин имон ба Худованд ӯро боқудрат то хати пеши набард бо ДИИШ ҳидоят кард ва муваффиқиятҳои зиёде ба даст овард ва дар ҳамин набард ҳам ҷони худро аз даст дод.

  1. Ихлос

Ихлос ба ҳадде дар вуҷуди ӯ реша давонда буд, ки ба рағми инки қудратмандтарин сарбози Ховари Миёна буд, аммо аз суханҳои зананда ва хушунатомез парҳез мекард. Ихлоси ӯ дар зиндагӣ ба вай иҷоза намедод, ки ба касе иҷозат бидиҳад аз ӯ ситоиш ва таъриф кунад ва ҳамеша аҷру подошашро аз Худованд талаб дошт.

  1. Рӯҳияи шаҳодатталабӣ

Сулайомнӣ ошиқи шаҳодат дар роҳи Худо буд ва бузургтарин орзуяш ин буд, ки ҳеҷгоҳ дар саҳнаи набард сустӣ накунад ва аз умқи ҷон дар саҳна ҳузур дошта бошад, то шоҳадат дар роҳи Худо насибаш гардад. Саронҷом ҳам ба дасти сангдилтани инсонҳои рӯзгор ба шаҳодат расид.

  1. Зиндагии содда

Парҳез аз масоили зоҳирии дунё яқинан шеваи паёмбарони илоҳӣ ва бандагони хосси Худованд аст, ки динбовариро дар инсон тақвият мекунад. Қудрату сарват, чашми дил ва чароғи биниши одамро хомуш мекунад ва дарку фаҳми саҳеҳро аз инсон бозмегирад, аммо соддазистӣ сабаби пазириши ҳақ, ҳақпарастӣ ва охиратхоҳӣ мешавад ва бузургтарин омили рушди инсон дар дунё ва саодат дар охира мебошад.

Сулаймонӣ ҳеҷгоҳ аз пайни мансабу мақомҳои дунявӣ набуд, ба рағми инки метавонист мавқеият ва ҷойгоҳи худ ва имкониятҳо фаровонеро барои осоиши худ ва атрофиши фароҳоам оаварад, аммо соддазистиро интихоб кард. Ҳузури пайвастаи ӯ дар майдони ҷиҳоду шаҳодат ҳикоят аз он дорад, ки аз дунё дил канда буд ва вобастагӣ бо масоили дунявӣ надошт ва худро дар маҳзари Худованд барои шаҳодат омода карда буд. Вақте ба ӯ пешниҳод карданд, ки номзади интихоботи президентӣ дар ҶИЭ шавад гуфт: “ман номзади гулӯлаҳо ва номзади шаҳодат ҳастам, солҳо боз дар ин ҷабҳаҳо ба дунболи қотили худ ҳастам, аммо ӯро пайдо намекунам”. Инҳо нишонгари он аст, аз пайи мансабу мақом ва осоишу рифоҳ дар дунё набуд. Ба рағми ин ки зиндагии бисёр соддаро барои худ қабул карда буд, аммо дар рафтору амалкард бисёр ҳушмандона буд ва хоби орому осударо аз чашмони душманони дини Ислом рубуда буд.

  1. Мубориза бо истикбор

Истикборситезӣ яке аз вижагиҳои мусалмонон ва пайравони меҳвари муқовимат аст, ки бо ҳаргуна зулму ситам алайҳи дигарон мухолифати ҷиддӣ мекунанд. Сулаймонӣ натанҳо парчамдори мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ буд, балки худ як андешаи истикборситез буд. Дар мубориза бо истикбор ҳадду марзе барои ӯ вуҷуд надошт; аз ҷанги 8-солаи “дифои муқаддас” то чанги 33-рӯза дар Лубнон ва ҷанги 48-соата дар борикаи Ғазза, ҳамааш барои ӯ майдони мубориза бо зулму истикбор буд. Ҳузури ӯ дар саҳнаҳои мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ, ҳамаи сармоягузориҳо ва тавтеаҳо алайҳи дунёи Исломро хунсо мекард. Яке аз ҳунарҳои вижаи Сулаймонӣ ин буд, ки “таҳдид”-ро ба “фурсат” табдил мекард, тарҳи таҳдидии “давлати исломии Ироқу Шом” (ДИИШ)-ро нобуд кард ва онро ба фурсате барои иттиҳоду якпорчагии уммати исломӣ табдил намуд. Дар ҷангҳои 33-рӯза, 22-рӯза, ҳаштрӯзаву серӯза ва ғ. бо ҳушмандӣ ва тадбири дуруст ва ҳимоятҳои майдонӣ ва фикрии худ душмани саҳюнистиро маҷбур ба таслим дар баробари размандогони фаластинӣ ва лубнонӣ кард. Қосим Сулаймонӣ тавре дар саҳнаи мубориза бо ДИИШ амал кард, ки рӯҳияи худбовариро дар размандагони мусалмон ба вуҷуд овард, онҳоро ба майдонҳои мубориза бо истикбор, салафигарӣ, ДИИШ ва режими саҳюнистӣ кашонд.

  1. Дифоъ аз ситамдидагон

Мубориза бо истикбор ва дифоъ аз мазлум аз муҳимтарин вижагиҳо ҳаёти имонии зиндгаии мӯъминон аст ва Қосим Сулаймонӣ ҳам размандае буд, ҳеҷгоҳ барои дифоъ аз мазлумону ситамдидагон ва набард бо такфириҳо хастагиро бар худ раво надонист; нобиғае буд, ки барои барномарезӣ ва дар ҳам кӯбидани душманони дин дар майдонҳо сахти набар сохта шуда буд, бо тамоми шӯҳрате, ки дар кишвари худ ва ҷаҳон дошт, аммо ҳеҷгоҳ дучори дучори кибру ғурур нашуд ва дар тамоми саҳнаҳо бидуни андаке эҳсиси ғурур ҳузур дошт.

Дифоъ аз мазлумон ҳадду марзе надорад ва Сулаймонӣ ҳам барои дифоъ аз ситамдидаҳо ҳамеша дар саҳна ҳузур дошт ва ҳеҷгоҳ хастагӣ дар вай дида нашуд. Бо ҳар муваффақият қотеътар ва устувортар ба роҳ идома медод, то инки дар ҳамин роҳ ба орзуи деринааш яъне “шаҳодат” дар роҳи Худо расид.

Ҷамъбандӣ

Бахше аз вижагиҳои Сулаймонии муқовимат ва мактаби вай гардид, ки нишон дод, ӯ бо иродаи пӯлодин дар муқобили гурӯҳакҳои хурду калони такфирӣ истодагӣ кард ва бо тадбирҳои ҳушмандона хатари такфириро аз минтақа ба ҳаддиақал расонд ва дар ин роҳи пурфарозунишеб зиндагии худро тақдими хидмат ба мардум кард ва дар ҳамин роҳ ҳам аз ҷони худ дареғ накард ва ба дасти ҷинояткорон ба шаҳодат расид.

Худованд дар Қуръони Карим ба касоне, ки базри имон дар дилҳояшон вуҷуд дорад ваъда додааст, ки муҳаббати онҳо дар дили мардум ҷой гирид ва Қосим Сулаймонӣ ҳам яке аз ҳамон абармардоне аст, ки зиндагии худро барои хидмати мардум гузошта буд ва ин ваъдаи илоҳӣ барои ӯ ҳам сидқ кард ва дар саҳнаи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ маҳбуб шуд ва ҷаҳон барои ӯ эҳтироми вижае қоил мебошад. Тавре амал кард, ки дар ҳамаи ҷараёнҳои сиёсии байналмилалӣ аз ӯ ба ҳайси касе ёд мекунанд, ки сулҳу оромиш дар минтақаро ба василаи даъфи палидиҳое чун ДИИШ бозгардонд. Вижагиҳои сиёсии ӯ дар тӯли ҳаёташ ҳамчун як манзума бисёр шаффоф аст ва андешаи ӯ ҳам чароғи равшну роҳгушое барои пӯяндагони роҳаш мебошад. “Мактаби Сулаймонӣ” бо ҳузури Сулаймонӣ дар набард ва шаҳодати вай бунён шуд ва дари ин мактаб ҳамеша барои касоне, ки сулҳу амният ва дифоъ аз мазлумонро талаб доранд, гушода хоҳад буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад