4 кушта дар ҷараёни хушунати мусаллаҳона дар Тегзос

 

Чаҳор нафар аз аъзои як хонавода дар шаҳри “Ҳиюстон”, дар ҷараёни тирандози‌ҳое, ки гуфта мешавад як хушунати хонагӣ буда , кушта шуданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар ҷараёни тирандозӣ‌ дар дохили хонае дар шаҳри “Ҳиюстон”, воқеъ дар Иёлати Тегзос, ки ба гуфтаи мақомҳои ин шаҳр хушунати хонагӣ буда , чаҳор нафар, ки аъзои ин хона будаанд кушта шуданд.

Рӯзномаи “Independent”, ба нақл аз калонтари бахши “Харрис”, воқеъ дар шимоли шарқии “Ҳиюстон”, навишт , дар ҷараёни ин ҳодиса, ки рӯзи чаҳоршанбе рух дод маъмурони полис баъд аз дарёфти тамосе мабнӣ бар инки як зан мавриди исобати тир қарор гирифта ба дохили ин хона рафтанд ва ба онон тирандозӣ шуд.

Ба ҳамин далел тими зарбат , ки вазифаи муқобила бо афроди ба шиддат мусаллаҳ дар Амрикоро бар уҳда доранд , аз идораи калонтарии ин бахш ба маҳали ҳодиса эъзом шуданд.

Ба  гуфтаи калонтари ин бахш , ин тим муваффақ шуд бо фарди муҳоҷим ба манзури вуруд ба хона музокира кунанд, аммо ба маҳзи вуруд , онҳо садои тирандозӣ шаниданд.

Ин калонтар гуфт маъмурон дар дохили хона ҷасади ду зан ва ду мардро пайдо карданд, ки яке аз ин мардҳо фарди муҳоҷим буда, ки дар охир ба худ шиллик карда аст.

Озод будани ҳамли силоҳ дар Амрико рӯзона ба бурӯзи хушунатҳои мусаллаҳона дар саросари ин кишвар мунҷар мешавад, ки бархе низ ҷони худро аз даст медиҳанд, аммо лобии силоҳ дар ин кишвар ба андозае қудратманд аст, ки Конгреси Амрико низ иқдоме барои маҳдӯд кардани ҳамли силоҳ сурат надода аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад