Оддисозии равобити Арабистон ва Исроил зарфи як соли оянда

Рӯзномаи Jerusalem Pos навишт: “бар асоси изҳороти гоҳе мукаммилу гоҳе мутаноқизи мақомоти аршади режими саҳюнистӣ, оддисозии равобит миёни Риёз ва Тел Авив то поёни соли 2021 иҷроӣ мешавад”.

Ин рӯзномаи саҳюнистӣ дар таҳлиле навишт: Бархе аз мақомоти радаи болоии Тел Авив интизор доранд то поёни соли 2021, оддисозии равобит миёни Риёз ва Тел Авив ниҳоӣ шавад. Бархе аз ин афрод итминон доранд, оддисозии равобити Исроил ва Арабистони Саудӣ то пеш аз поёни кори давлати Доналд Трамп ё дар нахустин мароҳили фаъолияти давлати Ҷо Бойден анҷом нахоҳад шуд, аммо ин раванд зарфи муддати 12 моҳи оянда, ниҳоӣ хоҳад шуд.

Ин таъкидҳо дар пайи изҳороти гоҳе мукаммилу гоҳе мутаноқизи мақомоти аршади режими саҳюнистӣ дар моҳҳои ахир баён шуд, он ҳам дар ҳоле, ки раванди одисозии равобит ҳамчунон дар ҳоли пешрафт аст. Вазорати умури хориҷаи Исроил аз изҳори назари расмӣ дар ин замина худдорӣ кардааст.

Ҳафтаи гузашта Эли Коэн(Eli Cohen), вазири иттилооти режими саҳюнистӣ, гуфт, тавофуқи оддисозии равобит бо Арабистони Саудӣ зарфи чанд соли оянда ҳосил хоҳад шуд, аммо на то пеш аз 20 июн. Вай таъкид накард, ин раванд то поёни соли 2021 ниҳоӣ хоҳад шуд.

Eli Cohen дар дувуми ноябр гуфта буд, эҳтимолан тавофуқ бо саъудиҳо наздик хоҳад буд, ҳарчанд, ки вай дар он замон пешбинии худро манӯт ба он кард, ки чӣ касе пирӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико хоҳад буд ва Эрон чӣ сиёсатҳоеро дар пеш хоҳад гирифт.

Дар 23 ноябр ин гузориш мунташир шуд, ки Бинямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил, ахиран ба унвони бахше аз сафари муштараки худ ба ин кишвари муҳимми суннӣ ба ҳамроҳи Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико, бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, дидор кардааст. Натаняҳу аз изҳори назари ошкор дар ин замина худдорӣ кард, аммо ба назар мерасад, мавҷи таъийдҳо ва такзибҳо ҳокӣ аз он буд, ки ин сафар анҷом шуда ва нишондиҳандаи он буд, ки равобит дар ҳоли пешрафт аст, аммо тасмим бар он аст, ки ин мавзӯ маҳрамона боқӣ бимонад.

Рӯзномаи Jerusalem Pos ба таври комилан тасодуфӣ огоҳ шуд, ки валиаҳди Арабистон пеш аз ин ба таври маҳрамона ба Исроил сафар карда буд.

Дар 25 октябр, шабакаи 12 телевизиюни Исроил гузориш дод, Yossi Cohen, раиси Моссад, дар як ҷамъи хусӯсӣ гуфта буд, ки саъудиҳо мунтазири эъломи натоиҷи интихоботи Амрико ҳастанд, аммо ин эҳтимол вуҷӯд дорад, ки онҳо хабари оддисозии равобитро ба унвони ҳадияе барои пирӯзи интихоботи Амрико эълом кунанд.

Ончӣ аз ин гузориш метавон бардошт кард, ин аст, ки эҳтимол дорад ин хабар тақрибани билофосила пас аз интихоботи Амрико эълом шавад. Ба ҳар ҳол ин мавзӯ баъдан дар 25 октябр дар ин рӯзнома гузориш шуд, ки гузориши шабакаи 12 ё бад фаҳмида шуда ё ба таври комил ончиро раиси Моссад гуфта буд, баён накардааст. Дар воқеъ изҳороти Cohen дар гуфтугӯҳои хусӯсии октябр зарифтар буд.

Рӯзномаи Jerusalem Pos мутаваҷҷеҳ шуд, ки Cohen як ҳафта пеш аз интихоботи Амрико гуфта буд, агар Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, пирӯз шавад, мн хабар билофосила эълом хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки дар назарсанҷмҳо ба дурустии пешбинӣ шуда буд, ки Байден пирӯзи интихобот хоҳад буд ва ҳарчанд саъудиҳо ҳамчунон хоҳони оддисозии равобит бо Исроил ҳастанд, лузуман ҷадвали замонии мушаххасе барои ин кор вуҷӯд надорад.

Cohen таъкид кард, ки саудиҳо намехоҳанд ба Трамп ҳадия бидиҳанд ва замоне, ки давлати Байден ҷойгузини давлати Трамп шуд, дар изои он ҳеч чиз дарёфт накунанд.

Ба эътиқоди нависанда, нуктаи ҷолиби тавваҷуҳ ин аст, ки акнӯн бо гузашти тақрибан ду моҳ аз интихоботи Амрико бори дигар ин итминон вуҷӯд дорад, ки Исроил метавонад то поёни соли 2021 бо саудиҳо ба тавофуқ даст ёбад.

Дар интиҳои ин матлаб омадааст, пеш аз баргузории интихоботи Амрико, Eli Cohen ва Yossi Cohen дар ин бора, ки саудиҳо чигуна бо Байден канор хоҳанд омад, тардидҳои зиёде доштанд, аммо акнӯн мақомоти аршаде ҳастанд, ки дар бораи ин мавзӯ бо итминони бештаре сухан мегуянд. Ҳарчанд бархе аз ин изҳорот аз нишонаҳои ғайрирасмии раду бадал шуда байни мақомоти исроилӣ ва чеҳраҳои интиқоли қудрати Байден сарчашма мегирад, эҳтимолан бахше аз ин итминон, натиҷаи дараки ҷадиде аз аҳдофи саудиҳост сарфи назар аз ин ки бархурди онҳо бо давлати ояндаи Амрико чигуна бошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад