Музокироти Тоҷикистон бо Русия барои дарёфти ваксинаи зидди коронавирус

Тоҷикистон барои дарёфти ваксинаи зидди коронавирус сохти Русия вориди музокирот шудааст.

РИА Новости хабар медиҳад, ки Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар ин бора гуфтааст: “Тоҷикистон бо ҷониби Русия ҷиҳати дарёфти ваксинаи зидди коронавирус бо номи “Спутник V”, ки Маркази илмии ба номи Гамалеяи Русия сохтааст, вориди музокирот шудааст”.

Масъалаи таъмини ваксинаи Русия аз коронавируси навъи нав дар ҳоли ҳозир дар сатҳи ниҳодҳои марбутаи ду кишвар ҳал шуда истодааст.

Музокирот дар ин бора байни ду кишвар идома дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад