Тазоҳурот дар атрофи маҳалли иқомати Нетанёҳу ба хушунат кашида шуд

Таҷаммуъи муътаризон наздикии маҳалли иқомати "Бенёмин Нетанёҳу", нахуст вазири режими саҳюнистӣ ба хушунат кашида шуд.

 

 

Ба гузориши расонаҳои саҳюнистӣ аз даргирии низомиёни ин режим бо муътаризон дар хиёбони Балфури Қудс хабар медиҳанд.

Шабкаи 13 телевизиюни режими саҳюнистӣ ҳамчунин эълом кард, ки дасти кам 3 нафар аз муътаризон тавассути нерӯҳои амниятии ин режим дастгир шуд‌анд.

Хабарнигори рӯзномаи “Ҳооретс”, дар Қудс ҳам дар сафҳаи шахсии худ дар фазои маҷозӣ аз маҳали ҳодиса хабар дод , рафтори муътаризон нерӯҳои амниятиро ба шиддат ғофилгир карда аст , ӯ муддаӣ шуд нерӯҳои амниятӣ токунун 3 бор оташеро, ки муътаризон дар маҳал равшан карда будандро хомӯш карданд.

Шбакаи 12 телевизиюни режими саҳюнистӣ низ дар ин бора гузориш дод , муътаризон алайҳи кобина ва раҳбари он шиор дода ва аксари пулҳо ва чаҳор роҳҳои мунтаҳӣ ба мақари иқомати нахуст вазирро бастанд.

Ба навиштаи ин пойгоҳи Ибри забон , ин бисту ҳафтумин ҳафтаи паёпай аст, ки мардум алайҳи кобина ва сиёсатҳои он даст ба тазоҳурот мезананд . Муътаризон бо сар додани шиорҳое алайҳи Нетанёҳу аз масъӯлини амниятӣ хостанд пардаҳои сиёҳ ранге, ки монеъ аз дид ба дохили маҳали иқомати Нетанёҳу мешавадро бардоранд . Дар ин ростои муътаризон чанд бор талош карданд то ин пардаҳоро ба оташ бикашанд, ки бо вуруди нерӯҳои амниятӣ ва оташнишонӣ ин кор ноком монд.

Хабарнигори шабакаи 12 телевизиюни режими саҳюнистӣ дар идома гузориш дод, ки бо дахолати нерӯҳои полис тазоҳуркунандагон дар хиёбонҳои атроф таҷаммуъ карда ва иқдом ба эҷоди оташ мекунанд ؛ амре, ки нерӯҳои оташнишонро ба шиддат дучори мушкил карда аст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад