Сандерс “Трамп”-ро фосидтарин раиси ҷумҳур дар таърихи Амрико донист

Сенатори Демакрати Иёлати Вермонти Амрико бо интиқод аз иқдоми раиси ҷумҳури ин кишвар дар афви наздикон ва вафодорони худ , вайро фосидтарин раиси ҷумҳур дар таърихи Амрико донист.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ “Берни Сандерс”, сенатори Демакрат аз Иёлати Вермонти Амрико шомгоҳи панҷ шанбе бо интишори як паёми Тветарӣ аз иқдоми “Доналд Трамп”,  дар афви шуморе аз наздикони худ, ки ба ҷароимӣ аз қабили фирори молиётӣ , баёни изҳороти дуруғин дар Конгрес маҳкӯм шуда буданд , ба шиддат интиқод кард.

Ӯ дар ин паёми Тветарӣ навишт : « афроде, ки мустаҳаққи ин афв ҳастанд ؛ 450 ҳазор муҷрими маводи мухаддире ҳастанд, ки собиқаи хушунат надоранд».

Берни Сандерс дар идомаи ин паёми Тветарӣ «Павл Манфорт, Роҷер Стон, Чарлз Кушнер, Дункан Хантер, Ҷо Арпай ва муҳофизони ширкати “Blackwater”, ки муртакиби қатли омми ғайринизомиён дар Ироқ шуда буданд , сазовори дарёфт ин афв надонист ва дар поён навишт : « бале Трамп фосидтарин раиси ҷумҳур дар таърихи [ Амрико ] аст».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад