Тирандозӣ дар маркази “Фаронса” ва кушта шудани 3 полис

Манобеи хабарӣ аз тирандозӣ дар маркази "Фаронса" ва кушта шудан 3 полиси ин кишвар хабар медиҳанд.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Reuters”, дар хабари фаврӣ аз кушта шудани се полис ва захмӣ шудани як шахс дар маркази Фаронса хабар дода аст.

“Euronews”, ҳам дар ин бора навишт аст, ки се маъмури полиси Фаронса дар шаҳри “San Just”, (Сан Ҷост) ба зарби тир кушта шуданд . Як маъмури дигар низ ба шиддат захмӣ шуда аст.

Зориб як марди 48 сола аст, ки талош мекард ҳамсарашро ба қатл бирасонад.

Ба гуфтаи фармондори ин минтақа , бомдоди чаҳоршанбе ду маъмури полис пас аз дарёфти гузоришҳое дарбораи хушунати хонагӣ дар маҳал ҳузур ёфтанд ва талош доштанд то ин занро, ки ба болои пушти боми хона паноҳ бурда будро наҷот диҳанд, ки зориб ба сӯи онҳо тир мепаронад . Дар ин тирандозӣ як нерӯи полис кушта ва дигарӣ аз ноҳияи рони пояш захмӣ шуд.

Зориб сипас хонаро ба оташ кашид ва ба самти маъмурони полис, ки дар маҳал ҳузур ёфта буданд шиллек кард, ки дар пайи ин тирандозӣ 2 нафари дигар кушта шуданд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад