Маскав Амрикоро ба “рус ҳаросии кӯр-кӯрона” муттаҳам кард

Сухангӯи Кремлин дар вокуниш ба иттиҳомоти матраҳ шуда аз сӯи мақомоти Амрикоӣ дар бораи даст доштани Маскав дар ҳамалоти сайберӣ ба ниҳодҳои мухталиф дар Иёлоти Муттаҳида , Вашингтонро ба "рус ҳаросии кӯр-кӯрона" муттаҳам кард.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ “Дмитрий Песков”, сухангӯи Кохи Кремлин ,  дар изҳороте дар вокуниш ба иттиҳомоти ахири мақомоти Амрико алайҳи Русия гуфт : Маскав ҳеч иртиботе бо ҳамалоти сайберии ҷадид, ки мақомоти Амрикоӣ гузориш додаанд надораду тамоми иттиҳомоти матраҳ шуда алайҳи Русия дар ин робита бе асос буда ва дар идомаи сиёсати рус ҳаросии кӯр-кӯронаи Вашингтон анҷом мешавад .

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Русия ба тозагӣ аз сӯи Амрико ба ҳамалоти сайберӣ муттаҳам шуда ва бархе аз мутахассисони байналмилалии таҳқиқоти сайберӣ низ муддаӣ шудаанд, ки сервиси иттилоотии хориҷии Русия эҳтимолан дар пушти ҳамалоти сайберии бе собиқаи ҳафтаи гузашта ба системаҳои кампютерии давлати Иёлоти Муттаҳида қарор дорад.

“Майк Помпео”, вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи ҷумъа бо ишора ба ҳамалоти густардаи ахири сайберӣ ба зерсохтҳои иттилоотии кишвараш, ки бе собиқа ва хатарнок тавсиф шуда , ангушти иттиҳомро ошкоро ба сӯи Кремлин нишона рафт ва муддаӣ шуд, ки Маскав дар ин ҳамалот нақш дошта аст.

Албта дар мавриди муттаҳам донистани Русия дар ин ҳамалот , “Доналд Трамп”, раиси ҷумҳури Амрико , бо сойири шахсиятҳо ва ниҳодҳои иттилоотии ин кишвар ҳамроҳ набуда ва даст доштани русҳо дар ин ҳамалотро рад мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад