Ҳарос дар Кохи Сафед аз охарин иқдомоти Трамп барои мондан дар қудрат

Шабакаи хабарии "CNN", гузориш дода "Доналд Трамп", дар идомаи талошҳояш барои мондан дар Кохи Сафед дар ҳоли машварат бо мушовироне аст, ки ба ташдиди нигарониҳо дар бораи мақосиди ӯ мунҷар шуда аст.

 

 

Як расонаи Амрикоӣ навишт бархе аз мушовирон дар Кохи Сафед аз иқдомоти эҳтимолии “Доналд Трамп”, раиси ҷумҳури Амрико дар охарин рӯзҳои мондан дар қудрат ҳарос доранд .

Вебгоҳи шабакаи хабарии “CNN”, навишт Трамп ба гурӯҳе аз мушовиронаш рӯй овардааст, ки дар ҳоли ироаи тарҳҳои аҷиб барои баргардондани натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ҳастанд .

Ин вазъият сабаби ташдиди ибҳомҳо дар мавриди инки Трамп чӣ муқовимате дар баробари ба поён расидани даврони давлаташ нишон хоҳад дод , шуда аст .

Ик мақоми Кохи Сафед, ки нахост номаш фош шавад гуфт : «ҳеҷ‌кас мутмаин нест авзоъ дорад ба кадом самт меравад . Ӯ ҳануз як моҳи дигар раиси ҷумҳури Амрико аст.»

“Сидней Павел”, вакили Трамп , “Майкл Филен”, мушовири амнияти миллии асбақи Амрико , “Стив Беннон”, истиротижести аршади собиқи Кохи Сафед ва “Питер Наварро”, мушовири тиҷории Трамп ва “Руди Ҷулиани”, вакили шахсии Трамп чеҳраҳои ҷанҷолӣ ва ифротие ҳастанд, ки ин рӯзҳо дар Кохи Сафед дида мешаванд .

Дар ҳамин росто , Трамп афроде, ки дар дохили давлати ӯ кор мекунандро аз иқдомоте, ки анҷом медиҳад бе хабар нигоҳ дошта ва ба нигарониҳо аз инки мумкин аст дар чаҳор ҳафтаи  боқи монда ба чӣ тарфанде барои мондан дар қудрат мутавассил шавад , доман зада аст .

Ба навиштаи “CNN”,, Трамп тақрибан идораи давлатро ҳам раҳо карда . Ӯ бахши аъзами вақти ҷаласаи кобинааш, ки ҳафтаи гузашта баргузор шудро ба гилоя дарбори вуқуъи тақаллуб дар интихобобот ихтисос дод.

Манобеи наздик ба Трамп, ба таври хоссе нигарони пешниҳодҳое ҳастанд, ки яке аз аъзои тими ҳуқуқии ӯ ба номи “Сидней Павел”,  мумкин аст Трампро муҷоб ба анҷоми он кунад .

Як манбаи наздик ба Трамп гуфт : « дарбораи чизҳое, ки “Сидней Павел”, дар онҳо нақш дошта бошад нигарониҳои зиёде вуҷӯд доранд . Вукалои ҳуқуқи хеле нигарон ҳастанд .»

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад