Трамп ба фикри ҳукумати низомӣ барои мондан дар қудрат

Расонаҳои Амрикоӣ гузориш доданд "Доналд Трамп", ба сӯрати ҷаддӣ ба истифода аз ҳукумати низомӣ ҷиҳати мондан дар қудрат фикр мекунад масаълае, ки боиси нигаронии баъзе аз мақомоти аршади давлатӣ шудааст.

 

 

Ба  гузориши  пойгоҳи хабарии “Axius”, ба нақл аз мақомоти давлатӣ гузориш дод , Доналд Трамп вақти зиёдеро бо афроде мегузаронад, ки муътақиданд алайҳи ӯ тавтеъа шуда аст ва аз истифода аз қудрат барои тағйири натоиҷи интихоботи ҷанҷолӣ ва муноқиша барангез ҳарф ме‌занад.

Ин мақомот гуфтаанд Трамп алоқаи зиёде ба идаи “Майкл Филен”, аввалин мушовири амнияти миллии худ нишон дода аст , касе ки хостори дахолати низомиён дар раванди интихобот ва эҷоди ҳукумати низомӣ шуда буд.

Майкл Филен, рӯзи ҷумъа тайи як мусоҳибаи телевизиюнӣ гуфт : Трамп метавонад ба артиш дастур диҳад дар иёлатҳое ки рақобат наздик аст вуруд ва интихоботи ҷадиде баргузор кунад.

Вай ҳамчунин баҳси ҳукумати низомиро матраҳ кард ва гуфт : « мардум тавре дарбораи ҳукумати низомӣ суҳбат мекунанд, ки ингор токунун мо онро ҳаргизи анҷом надодаем , ҳукумати низомӣ 64 бор эъмол шуда аст.»

Шабакаи хабарии “CNN” ва “The New York Times”, низ гузориш доданд , Трамп дар нишасте бо теъдоде аз дастёрон ва муттаҳидини худ масаълаи эъломи ҳукумати низомӣ барои тағйири натиҷаи интихоботро баррасӣ карда аст.

Ин гузоришҳо дар ҳоле матраҳ мешавад, ки танҳо 32 рӯз монда аст, то раиси ҷумҳури ҷадид дар Кохи Сафед мустақар шавад .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад