Бар асари оташсӯзӣ дар бемористоне дар Туркия 8 бемор ҷон бохтанд

Бар асари инфиҷори капсули кисларод дар бемористони "Ғозӣ Энтаб", дар ҷануби Туркия , ҳашт бемор ҷони худро аз даст доданд.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Анатолия” , инфиҷори капсули кисларода дар бемористоне воқеъ дар шаҳри “Ғозӣ Энтаб”,  дар ҷануби Туркия ба кушта шудани 8 бемор мунҷар шуд.

Ҳодиса дар бахши муроқибатҳои вежаи беморони коронавирус рух дода ва  синни афроди фаҷт шуда 56 то 85 сол аст.

Устондори “Ғозӣ Энтаб”, мегуяд касе дар ин ҳодиса маҷрӯҳ нашуда ва 11 тан аз беморони коронавирусӣ ба бахши муроқибатҳои вижаи сойири бемористонҳо мунтақил шудаанд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад