Афзоиши 30 дарсадии содироти Эрон ба Тоҷикистон

Раиси Утоқи муштараки бозаргонии Эрону Иморот аз рушди 30 дарсадии содироти Эрон ба кишвари Тоҷикистон хабар дод.

Фаршеди Фарзон, раиси Утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Иморот бо интишори паёме дар сафҳаи твиттерии худ тиҷорати Эрон бо 20 кишварро дар 8 моҳи нахусти соли 1399 хуршедӣ бо муддати мушобеҳи соли 1398 муқоиса кард.

Тавре Фаршеди Фарзон таъкид доштааст, дар 8 моҳи нахусти имсол зиёдтарин мизони афзоиш дар содироти Эрон марбут ба содирот ба Тоҷикистон будааст, ки 30 дарсад рушд доштааст.

Зиёдтарин коҳиш низ бо 80 дарсад дар содироти Эрон ба Гурҷистон рух додааст.

Бо вуҷуди таҳримҳои шадиду золимона алайҳи Эрон, ин кишвар дар соли 2019 танҳо ба ҳамсоягони худ ба арзиши 25 миллиард доллар коло содир кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад