42 миллион Амрикоӣ зери хати фақр ҳастанд

Натоиҷи ҷадидтарин гузориши дафтари саршумории Амрико нишон медиҳад беш аз 42 миллион шаҳрванди Амрико зери хати фақр ба сар мебаранд.

 

 

Ба гузориши пойгоҳи итилоъ расонии “Конгрес”, оморҳои ҷадиди мунташир шуда аз сӯи дафтари саршумории Амрико ҳоки аст, ки беш аз 42 миллион шаҳрванди Амрикоӣ зери хати фақр зиндагӣ мекунанд, ки ин рақам тақрибан муодили теъдоди афроде аст, ки даҳ сол қабл зери хати фақр зиндагӣ мекарданд , ҳатто бо вуҷуди беҳбуди нисбии авзоъи иқтисодии Амрико .

Бар асоси ин гузориш оморҳои дафтари саршумории Амрико ҳамчунин нишон медиҳад миёнгини даромади хонаводаҳои сиёҳпӯст дар ин муддат бо афзоиши бисёр ночизе рубарӯ шуда ва миёнгин даромади онон дар ин муддат ҳеч тағире надошта аст.

Ин дар ҳоле аст, ки миёнгини даромад хонаводаҳои Амрикоӣ тайи солҳои 2015 то 2019 милодӣ бо 2 . 3 дарсад рушд нисбат ба 10 сол қабл ба 62843 доллар расида аст.

Оморҳои ҷадид нишон медиҳад даромади хонаводаҳои сиёҳпӯст дар ин муддат танҳо 1 . 9 дарсад рушд дошта ва ба 41935 доллар расида аст .

Ҳудуди 13 . 4 дарсади Амрикоиҳо ҳамакнун зери хати фақр зиндагӣ мекунанд , хати фақр барои як хонаводаи 4 нафара муодили даромади камтар аз 26200 доллар дар сол аст.

Ин рақам нисбат ба солҳои 2005 то 2009 милодӣ, ки 13 . 5 дарсади мардуми Амрико зери хат фақр буданд тағйири хосе надошта аст .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад