Шӯрои уламо: ҷанозаро дар сари қабр бихонед!

Касе, ки бидуни ҷаноза дафн шуда бошад, бар сари қабраш намози ҷанозаи ӯ хонда мешавад

Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳолати ба қабр гузоштани майит бидуни хондани намози ҷаноза мусалмонон чи кор карда метавонанд

Шӯрои уламои Маркази  исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли як корбараш гуфтааст, ки дар ҳолати гӯронидани мурдае бидуни хондани намози ҷаноза чи кор метавон кард.

Усмон ном корбаре аз уламои Маркази исломии Тоҷикистон пурсидааст: агар нафаре аз касалии гузаранду фавтад, бе хондани намози ҷаноза гӯрониданаш ҷоиз аст.

Ӯ навишт: “шахсе, ки аз ягон бемории гузаранда, яъне аз вабо вафот мекунад ва ӯро ҷаноза намекунанд, барои майит ягон зарар дорад?”.

Дар посух Шуро роҳи адои ин намозро дар ҳолати зикргардида нишон додаанд.

Ба гуфтаи улумои дин, он намозро метавон пас аз гӯронидан дар сари қабр адо кард.

Дар посухнома чунин омадааст: “намози ҷаноза яке аз он ҳуқуқе аст, ки майит бар зиммаи дигар мусулмонон дорад. Бинобар ин, касе, ки бидуни ҷаноза дафн шуда бошад, бар сари қабраш намози ҷанозаи ӯ хонда мешавад”.

Пештар сокинони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ доштанд, нафарони дар пайи сироят аз коронавирус фавтидаро бе хондани намози ҷаноза ба қабр мегузоранд.

Ёдрас мешавем, Кумитаи дини Тоҷикистон бо нашри як иттилоия тафсилоти маросими дафни фавтидагон аз коронавирус — аз шустан то кафан кардану ҷаноза ва дар қабргузориро баён доштааст.

Дар дастурамали кумита омадааст: “дини ислом дафн кардани шахси фавтидаро фарзи кифоя ҳукм кардааст, ки агар дар он чанд нафар иштирок кунанд, кофӣ аст. Бинобар ин, бо дарназардошти шароити кунунӣ намози ҷаноза дар назди қабристон ё ҷойҳои махсус бо иштироки теъдоди ками хешовандон ва дӯстони наздик хонда шавад, беҳтар аст. Тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дуо аз ҳар ҷо қабул мегардад. Бинобар ин, дигарон дар ҳаққи майит дуо кунанд, кифоя аст”.

Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи шариат анҷом дода, дар масофаи на камтар аз 2 метр аз тобут меистад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад