Тасвиби тарҳи лоиҳаи қонуни тағйирот ба ному насаб

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо тасвиби тарҳи ислоҳи қонуни муқаррароти сабти асноди шаҳрвандони кишвар, бардоштани пасвандҳои русӣ аз номи хонаводагии тоҷиконро осонтар кард.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон ҳангоми ироаи ин тарҳ дар нишасти Маҷлиси намояндагон гуфта, ки ҳадаф аз ин иқдом, шитоб бахшидан ба раванди ҳазфи пасвандҳои русӣ аз номи хонаводагии тоҷикҳост.

Вай таъкид кард:  “агар қаблан раванди баррасии дархости шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҳазфи пасвандҳои русӣ аз номи хонаводагии онҳо се то шаш моҳ замон мебурд, акнун бо ислоҳи ин қонун ин муддат байни як то якуним моҳ тӯл хоҳад кашид”.

Ба гуфтаи вазири адлияи Тоҷикистон, аз соли 2015 то кунун беш аз 178 ҳазор нафар дар Тоҷикистон номи хонаводагии худро бо ҳазфи пасвандҳои русӣ ва истифода аз пасвандҳои форсӣ тағйир додаанд.

Ҳамчунин тақрибан тамоми вазирон, раисони идораҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии Тоҷикистон пасвандҳои русиро аз номи хонаводагии худ ҳазф кардаанд.

Дар ин миён танҳо Саидмуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон ҳамчунон номи хонаводагии барҷоймонда аз даврони шӯравиро истифода мекунанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад