Дархости кумаки Раҳмон аз сарони кишварҳои СПАД барои таҳкими марзҳои Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз авзои муташанниҷи Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки аз тариқи иртиботи тасвирӣ баргузор шуд, аз таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ, қочоқчиёни байналмилалии маводи мухаддир ва афзоиши ҷиноёти созмонёфта дар наздикии марзи кишварҳои узви ин созмон ибрози нигаронӣ кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз сарони кишварҳои узви ин созмон дархост кард, ки ба таҳкими марзҳои муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон, ки марзҳои ҷанубии СПАД аст, кумак кунанд.

Раҳмон фаъолияти мухарриби гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар шимоли Афғонистонро хатаре ҷиддӣ барои минтақаи Осиё Марказӣ донист ва таъкид кард, ки ин авзои муташанниҷ иқтизо мекунад, ки тавони нерӯҳои СПАД барои муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ тақвият шуд.

Сарони ширкаткунанда дар ин нишаст дар бораи авзои амниятии ҷаҳон ва минтақа, ҳамкории кишварҳои узв дар соли 2021 ва равобити фанниву низомӣ баҳсу табодули назар карданд.

Дар ин нишаст раёсати давраии яксолаи СПАД аз Русия ба Тоҷикистон вогузор шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад