Баррасии вазъи ҳуқуқии коргарони муҳоҷир дар дидори вазир бо сафир

Дар дидори вазири кор ва муҳоҷират бо сафири Русия дар Душанбе мавзӯи вазъи ҳуқуқии коргарони муҳоҷири тоҷик мавриди барраӣ қарор гирифт.

Ширин Амонзода ва Игор Лякин Фролов дар ин дидор дар бораи тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар бахши муҳоҷират ва эъзоми созмонёфтаи атбоъи тоҷик бар асоси ниёзи бозори кори Русия баҳсу табодули назар карданд.

Ҳамчунин мавзӯи осонсозии шароити кору иқомати коргарони муҳоҷири тоҷик, осонсозии  раванди дарёфти муҷаввизи кор, сабти номи фарзандони хонаводаҳои муҳоҷир, таҳияи омори воҳид аз теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияу фароҳам сохтани шароити вуруди атбоъи Тоҷикистон ба Русия дар замони ҳамагирии корона мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазири кору муҳоҷирати Тоҷикистон ва сафири Русия дар Душанбе бар зарурати омӯзишҳои фаннӣ ва касбии коргарони муҳоҷири тоҷик қабл аз сафари онон ба Русия бар асоси ниёзи ширкатҳои русӣ таъкид карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад