Маҳдудаи кишварҳои узви СПАД ноором аст

Владимир Путин, раисҷумҳурии Русия эълон кард, авзои сиёсӣ дар маҳдудаи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ноорому печида аст.

Путин дар иҷлоси сарони СПАД, ки ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, гуфт: “Дар моҳи сентябр дар Қарабоғ бо ширкати яке аз кишварҳои узви СПАД ҷанг рух дод ва давлати Беларус низ пас аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо фишори бесобиқаи хориҷӣ мувоҷеҳ шуду Қирғизистон низ дар моҳҳои ахир ноором буд”.

Вай афзуд: Ҳама медонанд, ки ниёз ба талошҳои густардаи Русия буд то ҷангу хунрезӣ дар минтақаи Қарабоғ мутаваққиф ва оташбаси комил дар ин минтақа барқарор ва раванди барқарории субот оғоз шавад.

Раисҷумҳурии Русия бо ишора ба иҷрои баёнияи сеҷонибаи сарони Русия, Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон ва истиқрори сулҳбонони рус дар хутути ҳоил дар Қарабоғ, дар тӯли долони Лочин идома дод: Дар шароити кунунӣ кумак ба афроди осебдида дар манотиқи ҷангии Қарабоғ ва ҳалли масоили инсонӣ, бозгашти паноҳандагон ба хонаҳои худ бозсозии зерсохтҳои тахрибшуда ва муҳофизат аз биноҳои фарҳангиву мазҳабӣ аҳамияти фаровоне дорад.

Путин гуфт: Мо алоқаманд ба пайвастани шарикони худ дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва ҷомеаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ин талошҳои инсонӣ ҳастем ва бо созмонҳои байналмилалии дигар низ барои ҳамкорӣ дар ин арса музокира мекунем”.

Ба ибтикори Русия рӯзи даҳуми ноябр  санаде барои иҷрои оташбаси комил ва рафъи тамоми хусуматҳо дар минтақаи даргирии Қарабоғ ба имзои Алиев, пашинян ва Путин расид ва артиши Русия вазифаи сулҳбониву иҷрои оташбасро ба ӯҳжа гирифт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад