Дастури раиси ҷумҳури Чин ба артиш барои тақвияти тавони низомӣ

Раиси ҷумҳури Чин бар анҷоми тамриноти низомӣ ҷиҳати афзоиши қобилиятҳои нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар тибқи барномаи азқабл таъин резӣ шуда таъкид кард.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, раиси ҷумҳури Чин ба нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дастурдод тавони низомии худро афзоиш диҳанд.

Ба навиштаи хабаргузории “Шинҳуво”, “Ши Ҷинг Пинг”, раиси ҷумҳури Чин рӯзи чаҳоршанбе дар ҷараёни як нишасти низомӣ ба нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дастур дод барои тақвияти тавон низомӣ ва бар асоси барномаи тадвин шуда то соли 2027 ва дар тақобул бо артиши Амрико , таҳти шароити воқеӣ майдони разми тамрин кунанд.

Раиси ҷумҳури Чин бо таъкид бар бакоргирии фанновариҳои бисёр пешрафта аз қабили ҳуши маснӯъӣ барои мубаддил шудан ба як артиши пешрафта гуфт, ки низомиёни Чин бояд тамриноташон бар асоси шароити ҷангӣ бошад.

Раиси ҷумҳури 67 солаи Чин дар суханронӣ дар нишасти камиссиюни низомии марказии Чин бар тақвияти артиш ва роҳбурди низомӣ барои вурӯд ба арсаи ҷадид таъкид кард.

Ӯ ба ҳамин манзур хостори таъсиси марокизи омӯзиши густардаи ҷадид шуд . Бар асоси гузоришҳои муассисаи “Сипрӣ”, дар Шветсия , ин кишвар бо ҳазинаи 179 миллиард долларӣ  дувумин кишвар баъд аз Амрико аз лиҳози ҳазина барои умур низомӣ аст . Ва Амрико бо 732 миллиард доллар дар рутбаи нахусти ҷаҳонӣ қарор дорад.

Чин бо сохти мушакҳои пешрафта аз навъи “Dongfeng”, артиши Амрико ба вижа нерӯи дарёӣ ин кишварро ба чолиш кашида аст .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад