Англис хостори таваққуфи шаҳраксозии ғайриқонунии режими Исроил шуд

Вазорати умури хориҷаи Англис бо интишори баёнияе аз режими Исроил хост то шаҳраксозии ғайриқонуниро мутаваққиф кунад.

 

 

Вазорати умури хориҷаи Англис бо интишори баёнияе аз режими Исроили хост то шаҳраксозии ғайриқонунӣ дар Каронаи Бохтарии руд Урдунро мутаваққиф кунад.

Вазорати хориҷаи Англис бо ибрози “нигаронии амиқи” худ аз тасмими режими Исроил барои сохти 540 воҳиди ғайриқонунии ҷадид дар Қудс , хотирнишон кард, ки Телавиви 15 ноябр низ фаъолиятҳо барои сохти 1257 воҳиди маскӯнии ғайриқонунӣ дар Ҷиват Ҳаматосро оғоз карда аст.

Дар ин баёния бо таъкид бар рӯйкарди мушаххаси Лондон дар бораи шаҳракҳои яҳудӣ нишини ғайриқонунӣ , омада аст : шаҳракҳои яҳудӣ нишин бар асоси ҳуқуқи байналмилал ғайриқонунӣ ҳастанд ва ба талошҳо барои эҷоди эътимод миёни тарафайн осеб мезананд . Хостори таваққуфи ингуна иқдомоти режими Исроил ҳастем.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад