Раиси пешини Моссад: пинҳонӣ ва бо либоси занона бо сарони Араб дидор мекардем

Раиси пешини Созмони Ҷосусии Моссад, дар вокуниш ба дидори нахуст вазири ин режим бо валиаҳди Арабистони Саудӣ, фош кард, ки мушобеҳи ин дидорҳо қаблан ҳам бисёр анҷом мешуда аст.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дируз эълом шуд, ки “Бенёмин Нетонёҳу”, нахуст вазири режими кӯдак куши саҳюнистӣ махфиёна ба Арабистони Саудӣ рафта ва бо “Муҳаммад бин Салмон”, валиаҳди ин кишвар ва низ Майк помпео, вазири хориҷаи Амрико дидор карда аст.

“Дэнни Ятом”, раиси пешини Созмони Ҷосусии Моссад, дар вокуниш ба ин дидор гуфт , бисёре аз нахуст вазирони собиқи режими саҳюнистӣ низ амсоли ин дидорҳоро анҷом додаанд.

Ӯ ба радио режим саҳюнистӣ гуфт , ин дидорҳо умдатан дар шаб ва ба дур аз чашми расонаҳо ва дурбинҳо анҷом ме‌шуд.

“Дэнни Ятом”, дар идома бо зикри мисолҳое эътирф кард, ки сарони режими саҳюнистӣ барои анҷоми ин дидорҳо либосҳои занона ҳам мепӯшиданд.

Ӯ дар идома равобити режими саҳюнистӣ бо Арабистони Саудиро воқеан муҳими хонд ва аз тамоми касоне, ки дар ин раванд шарик буданд, ташаккур кард.

Дирӯз як нашрияи Амрикоӣ ба нақл аз як мақомоти Саудӣ навишт, ки нахуст вазири режими палиди саҳюнистӣ ва валиаҳди давлати Риёз дарбораи масоиле аз ҷумла оддӣ созии равобити боҳам суҳбат карданд, аммо ба тавофуқ нарасиданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад