Нетонёҳу ва бин Салмон дар шаҳри Неуми “Арабистон” дидор карданд

Рӯзномаи "Haaretz", аз сафари Бенёмин Нетонёҳу, нахуст вазири режими палиди Исроил ба Арабистони Саудӣ ва дидори вай бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди ин кишвар хабар дод.

 

 

Рӯзномаи “Haaretz”-и режими Исроил навишт : Бенёмин Нетонёҳу, нахуст вазири Исроил ба Арабистони Саудӣ сафар ва бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди ин кишвар дидор ва гуфтугӯ карда аст.

Бар асоси ин гузориш, Бенёмин Нетонёҳу, Ёсси Коэн, раиси “Моссад” дируз тайи сафари ғайри расмӣ ба шаҳри Неуми Арабистон Саудӣ бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди ин кишвар дидор карданд . Дар ин дидор Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико низ ҳузур дошта аст.

Қобили зикр аст, ки қаблан расонаҳои режими кӯдак куши Исроил аз оғози гуфтугӯҳои оддӣ созии равобити бархе кишварҳои арабӣ аз ҷумла Арабистони Саудӣ бо режими палиди Исроил дар пайи интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико хабар дода буданд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад