Эътирози ҳазорон Тайванӣ ба муҷаввизи воридоти гӯшт аз Амрико

Ҳазорон нафар аз мардуми Тайван дар вокуниш ба судӯри муҷаввизи воридоти гӯшти хук ва гов аз Амрико тазоҳурот карданд.

 

 

Ҳазорон нафар дар Тайбэй, пойтахти Тайван тазоҳурот карда ва хостори лағви муҷаввизи воридоти гӯшти хук ва гов аз Иёлоти Муттаҳида шуданд.

Тзоҳроткунандагон зимни эътироз бо судӯри муҷаввизи воридоти гӯшт аз Амрико шиъорҳое бо мазмуни мухолифат бо колҳое, ки «амнияти ғизоӣ» онҳо машкӯк аст , сар доданд.

Ин дастури Цай Ингвен, раҳбари Тайван ба далели вуҷӯди «Рактопамин» дар хӯроки дом, ки нигарониҳои зиёде дар мавриди эминии маводи ғизоӣ ба дунбол дошта , бо мухолифати оппозисюн ва мардуми ин кишвар мувоҷеҳ шуда аст.

Ӯ моҳи августи имсол дастури мамнӯъияти вурӯди гӯшти хук ва гов аз Амрикоро лағв кард.

Гуфтани аст Рактопамин, ки дар дастаи маводи афзӯдании мамнӯъ дар Иттиҳодияи Аврупо ба шумор меравад , ба таври қонӯнӣ дар Амрико мавриди истифода қарор мегирад .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад