Оташи сангини артиши Сурия алайҳи мавозеи террористҳо дар ҷануби Адлиб

Манобеи сурӣ эълом карданд, ки артиши Сурия мавозеи террористҳоро дар  ҷануби Адлиб зери оташи сангин қарор дода аст.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Sputnik”, манобеи сУрӣ эълом карданд, ки артиши Сурия мавозеи террористҳоро дар ҷануби Адлиб зери оташи сангин қарор дода аст.

Бар асоси ин гузориш, ба дунболи таҳаррукоти террористҳо , артиши Сурия мавозеи ин гуруҳҳои террористиро дар манотиқи Ал-Фотира, Кансафра, Ал-Бара , Сафоҳан ва Ал-Ҳалуба дар ҷануби Адлиб зери оташи сангин қарор дод.

Манобеи сурӣ аз парвозҳои шиносоӣ дар ҷанӯби Адлиб ҳам хабар доданд.

Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи гузашта ҳам артиши Сурия даргирии шадиде бо террористҳо дар ҷануби Адлиб дошт.

Аз сӯи дигар манобеи сурӣ аз омода шудани нерӯҳои артиши Сурия барои амалиёти ҷадиди зиди ДИИШ дар Ал-Бодияи Сурия хабар доданд ва эълом карданд, ки ин амалиёти ҷадид бо ҳимояти ҷангандаҳои русӣ анҷом хоҳад шуд.

Ин пас аз он рух медиҳад, ки таҳаррукоти ДИИШ алайҳи артиши Сурия ахиран дар саҳрои Сурия афзоиш ёфта аст .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад