Эъломи омодагии Чин барои кӯмак ба тавлиди ваксинаи коронавирус

Раиси ҷумҳури Чин аз омодагии кишвараш барои кумак ба ҷомеъаи байналмилал дар масири ғалаба бар коронавирус хабар дод.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Reuters”, Ши Ҷинг Пинг, раиси ҷумҳури Чин рӯзи шанбе эълом кард, ки кишвараш ҳозир аст ба ҳамкории ҷаҳонӣ барои дастёбӣ ба ваксини коронавирус кӯмак кунад.

Ӯ дар айни ҳол хостори ҳамоҳангии беҳтари сиёсатҳои байналмилалӣ барои тасҳили ҷобаҷои мардум шуд.

Раиси ҷумҳури Чин дар иҷлоси он-лайни гурӯҳи 20 ба мизбонии Риёз гуфт : Чин моил аст, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар дар заминаи таҳқиқ , тавсеъа , тавлид ва тавзеъи ваксинаро тақвият кунад . Мо ба таъаҳҳудоти худ амал хоҳем кард , пешниҳоди кӯмак ва пуштибонӣ ба кишварҳои дар ҳоли тавсеъа медиҳем ва сахт талош хоҳем кард, ки ваксинаро дар ихтиёри шаҳрвандони тамоми кишварҳое қарор диҳем, ки метавонанд аз он истифода кунанд ва тавоноӣ дастёбӣ ба онро дорнд.

Ӯ ҳамчунин хостори ҳамоҳангии қавитари сиёсатҳои байналмилалӣ барои интиқоли сариъ ва муназзами мардум дар сатҳи ҷаҳон шуд.

Чин бо дар назар гирифтани ин масаъла эълом кард, ки дарҳоли эҷоди механизме аст, ки натоиҷи озмоишоти коронавирус аз тариқи кодҳои саломати диҷитал ба сӯрати байналмилалӣ ташхис дода мешаванд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад