Москав 25 шаҳрванди Англисиро таҳрим кард

Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия дар иқдоми мушобеҳ ва интиқомҷуёна, аз таҳрими 25 шаҳрванди Англисӣ хабар дод.

 

 

Ба гузориши хабаргузории Reuters, “Мария Захарова”, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия эълом кард, ки Москав дар иқдоми интиқомҷуёнаи мушобеҳ , вуруди 25 шаҳрванди Англис ба кишварашро мамнӯъ карда аст.

Дар баёнияи содира аз сӯи сухангӯи вазорати хориҷаи Русия дар ин хусӯс омада аст, ки ин иқдом Москав ба талофии таҳримҳои эъломӣ аз сӯи Лондон дар иртибот бо парвандаи “Сергей Магнитский”, ба анҷом расида аст.

Баёнияи содира аз сӯи “Мария Захарова”, дар ин хусӯс меафзояд : Москав дар иртибот бо ҳамаи масоил ва мавзӯъоти муртабит бо марги Сергей Магнитский мукараран тавзеҳоти зиёдеро ироа кардем, ки зоҳиран Лондон ҳамаи онҳоро нодидаи гирифта аст.

Ин дар ҳолест, ки Англис пештар 25 шаҳрванди Русро ба иттиҳоми даст доштани онҳо дар бадрафтории иддаоӣ бо Сергей Магнитский дар зиндон ва ниҳоятан марги вай дар феҳристи таҳрими Лондон қарор дода буд, иқдоме ки дар ҳамон замон Кремлин таҳдид ба муқобила ба мисл кард .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад