Ҷудоии дин аз сиёсат аз нигоҳи як вакили Маҷлиси намояндагон

Абдураҳим Холиқзода, вакили Маҷлиси намояндагон зимни ҳамоиш бахшида ба 26-умин солгарди қабули Сарқонун дар бораи масъалаҳои озодии шахс ва соҳиб­ихтиёрии давлат суҳбат кард.

Абдураҳим Холиқзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар бораи ҷудо будани дин аз давлат суҳбат карда, таъкид намуд, ки озодшавии давлат аз чанги хурофот ва аз махлутшавӣ бо сиёсат ба манфиати дин ва нафъи давлат аст

Вакил моддаи 26-и Конститутсияи Тоҷикистонро зикр кард, ки тибқи он дин кори шахсии ҳар инсон мебошад ва таъкид намуд, ки танҳо олудасозии он бояд ба ғаризаҳои шахсию гуруҳӣ пешгирӣ шавад.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Холиқзода навиштааст: “ҳар шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки дин ва эътиқод кори шахсии ҳар як инсон буда (моддаи 26 Конститутсия), олудасозии он бо сиёсат ва ғаризаҳои шахсию гурӯҳӣ дар асоси талаботи дунявияти конститутсионӣ (талаботи моддаи 1 Конститутсия) бояд пешгирӣ гардад”.

Вакили парлумон таъкид кардааст, ки фазои ҳуқуқии кишвар дар мисоли суиистифодаи арзишҳои динӣ ва махлутсозии он бо сиёсат ва муборизаҳои сиёсӣ таҷрибаи талх дорад. Ин таҳдид то ҳанӯз дар мувофиқат бо сатҳи пасти шуури ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷомеа аз мафкураи сиёсии ҳангоматалабон дур нашудааст, бовар дорад ӯ.

Ба гуфтаи Холиқзода, асли дин ва имон на қудратталабӣ ва иштирок дар муборизаҳои сиёсист, балки эътиқод ба Худои якка ва ягона, малоикаҳои он, китобҳои осмонӣ, паёмбарони он аст.

Ӯ гуфт: “бинобар ин ҳар нафаре, ки ­эътиқоду имонро ба муборизаҳои сиёсӣ ва манфиатноки молӣ олуда месозад, ба дин ва қонуни адли умум хиёнат менамояд”.

Ӯ таъкид намудааст, ки озодшавии давлат аз чанги хурофот ва аз махлутшавӣ бо сиёсат ба манфиати дин ва нафъи давлат аст ва илова намудааст, ки ин ҷараёнро таҷрибаи динҳои ҷаҳонӣ борҳо собит сохтаанд.

Холиқзода афзудааст: “давлати демократӣ ба озодиҳо таъсир намерасонад, балки барои зуҳури онҳо шароит фароҳам оварда, бо қонун муқаррар менамояд”.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад