Шарҳи ВКД нисбати ҳодисаи тирандозӣ дар Хоруғ

Пас аз нашри аксу хабарҳо нисбати ҳодисаи тирандозӣ дар маркази вилояти Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Вазорати корҳои дохилии кишвар шарҳи худро баён кард.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ тасвирҳое аз тирандозӣ дар шаҳри Хоруғ мунташир шуд, ки нишон медиҳад кормандони интизомӣ ба сӯи мошине тир парронданд. Нашрдиҳандагони ин матлаб таъкид кардаанд, ки бар асари ин ҳодиса ба касе осеб нарасидааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот гуфтааст, ки шаби 4 ноябр маъмурони полиси ноҳияи Шуғнон ронандаи Toyota Сино Зикруллоҳ Бековро фармуданд, ки истад, аммо ӯ ба ин фармон гӯш надода, фирор кардааст.

Дар идомаи баёния омадааст: “Пас аз фирори Сино Зикруллоҳ Беков кормандони постгоҳ ба таъқиби вай иқдом кардаанд ва ҳангоми вуруд ба шаҳри Хоруғ гурӯҳи 15 нафарӣ аз ҷавонони маҳаллӣ қасди ҷилавгирӣ аз амалиёти полисро доштанд, ки барои мутафарриқ кардани онон аз шиллики ҳавоӣ истифода шудааст.”

Гуфта мешавад, ки бо вуҷуди тирандозӣ ба чархҳои ин мошин, ронандаи мошин то замони интишори хабар боздошт нашудааст.

Дар вилояти Бадахшон барномаи махсуси таъмини тартибот ва амният аз соли 2018 ба ин сӯ идома дорад ва теъдоди зиёде боздошт ва баъзе силоҳу муҳимот мусодира карда шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад