Тазоҳурот дар Чикаго, Огайо, Ню Йорк ва Массачусетс алайҳи Трамп

Мухолифони раиси ҷумҳури Амрико бо баргузарии тазоҳурот дар Чикаго, Огайо , Ню Йорк ва Массачусетс аз шубҳа афкании Трамп дар саломати интихобот ба шиддат интиқод карданд .

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Reuters”, тарафдорони Ҷо Байден номзади Демократҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико бомдоди имрӯз ( панҷшанбе ) алайҳи Доналд Трамп тазоҳурот карданд .

Ин тазоҳурот дар Ню Йорк, Огайо ва Чикаго оғоз шуда аст ва муътаризон бо сар додан шъорҳое хостори адами эҷоди шаку шубҳа дар саломати интихобот шуданд .

Тазоҳуроткунандагон бо сар додани шъорҳое ҳамчунин хостори шумориши ҳамаи орои интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико шуд .

Манобеи хабарии Амрико гузориш доданд, ки ин тазоҳурот акнун дар шаҳри Миннеаполиси Иёлати Огайо ва Бустони Иёлати Массачусетс дар ҳоли баргузарӣ аст .

Давлати Трамп дар остонаи шикаст дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ зимни матраҳ кардани иддаои тақаллуб , хостори таваққуфи шумориши оро дар Иёлатҳои боқимонда монанди Пенсилвания ва Ҷорҷия шуда аст .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад