Таҷаммуъи муътаризон дар муқобили Кохи Сифед 

Дар ҳолеки ҳануз шумориши орои интхобои раёсати ҷумҳурӣ дар Амрико идома дорад , ҳазорон нафар дар муқобили Кохи Сифед таҷаммуъ кардаанд .

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ , ҳазорон нафар аз раъй диҳандагони Амрикоӣ аз субҳи имрӯз чаҳоршанбе дар муқобили Кохи Сифед таҷаммуъ кардаанд .

Бо тавваҷӯҳ ба инки пеш аз интихобот дарбораи ошӯбҳои пасо интихоботӣ ҳушдор дода шуда буд , дар муқобили Кохи Сифед ҳисорҳое барои ҷилавгирӣ аз вурӯди муътаризин ба маҳали сукунати раиси ҷумҳури Амрико қарор дода шуда аст .

Илова бар муҳавватаи берӯнии Кохи Сифед, чандин хиёбон дар Вашингтон низ саҳнаи эътирозот аст .

Хабарҳое низ дарбори таҷаммуъи ҳаводорон ва мухолифони номзадҳо дар Флорида ва Портланд низ мунташир шуда аст .

Бар асоси ин гузориш , садҳо нафар аз мухолифони Доналд Трамп дар хиёбонҳои Вашингтон тазоҳурот карданд. Онҳо дар мавориде хиёбонро банд овараданд ва аз васоили оташ бозӣ истифода карданд . Онҳо шиор медоданд : агар адолат дар ҳақи мо иҷро нашавад , онҳо рӯи оромишро нахоҳанд дид.

Пеш аз интихоботи 3 ноябр ҳушдорҳои зиёде дарбора эҳтимоли вуқуъи ошуб ва ҷанги дохилӣ дар Амрико мунташир шуда буд ва аз ҳамин рӯй , горди миллӣ ва сойири нерӯҳои амниятии Амрико барои ҷилавгирӣ аз ин ошубҳо дар ҳоли омода бош ҳастанд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад