Узви Конгресси ИМА ба “Трамп”: наметавонӣ ҷилави шумориши ороро бигирӣ

Узви Демократи маҷлиси намояндагони Амрико бо ҳушдор дарбораи талоши раиси ҷумҳури ин кишвар барои мутаваққиф кардани шумориши орои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ , Доналд Трампро «як марди хатарнок» тавсиф кард .

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Илҳон Умар”, намояндаи Демократи Иёлоти Миннесота дар маҷлиси намояндагони Амрико, ки тавонист дар интихобот курсии худро ҳифз кунад , дарбораи талоши раиси ҷумҳури ин кишвар барои таваққуфи шумориши оро ҳушдор дод .

Илҳон Умар, намояндаи Демократи маҷлиси намояндагони Амрико дар Твите дарбораи дархости Доналд Трамп раиси ҷумҳури ин кишвар барои таваққуфи шумориши оро вокуниш нишон дод .

Ин узви Конгресси Амрико навишт : «шумориши ҳамаи оро ҳамонанди раъй додан нест . ту наме тавонӣ ҷилави шумориши ороро бигирӣ . Инҷо ( Амрико ) диктаторӣ нест . Ин мард ( Трамп ) одами хатарноке аст».

Ишораи ин қонунгзори Амрикоӣ ба суханронии Доналд Трамп дар Кохи Сифед буд, ки дар он раиси ҷумҳури Амрико зимни эъломи пирӯзӣ дар интихобот ва ҳушдор дарбораи эҳтимоли тақаллуби густарда дар он, хостори таваққуфи шумориши оро шуд ва таҳдид кард, ки барои ин кор ба девони олии Амрико руҷӯъ мекунад.

Ҳушдори Илҳон Умар, ба Трамп дарбораи шумориши орои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ҳоле матраҳ шуда, ки ба дунболи баргузарии ин интихобот ва эъломи натоиҷи аввалия , ҳар ду номзади ин интихобот бо суханроиҳои ҷудогона эълом карданд, ки дар интихобот пирӯз шуданд ва буҳрони интихоботӣ дар Амрико шиддат гирифта аст .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад