Муаррифии аъзои ҳукумати нави Раҳмон

Намояндагони баландпояи ҳукумат ва дастгоҳи президент дар вазоратхонаҳо ва кумитаҳои давлатӣ раҳбарони нави ин ниҳодҳо ва аъзои ҳукумати нави Тоҷикистонро муаррифӣ карданд. 

Бар асоси фармонҳои Раҳмон намояндагони муаррифишудаи ҳукумат ба шакли зер мебошанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, инҳо ба узвияти ҳукумати нав таъйин шуданд:

Қоҳир Расулзода – сарвазир

Давлаталӣ Саид – муовини якуми сарвазир

Давлатшо Гулмаҳмадзода – муовини сарвазир

Усмоналӣ Усмонзода (вазири собиқи энергетика) – муовини сарвазир

Саидмумин Ятимов – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ,

Рамазон Раҳимзода – вазири корҳои дохилӣ,

Шералӣ Мирзо – вазири дифоъ

Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илм

Шералӣ Кабир (раиси ТАЛКО) – вазири саноат ва технологияҳои нав,

Далер Ҷумъаев (раиси ширкати “Помир Энержи”) – вазири энергетика ва обёрӣ

Ширин Амонзода (раиси собиқи кумитаи рушди сайёҳӣ) – вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Музаффар Ашӯриён – вазири адлия

Сулаймон Зиёзода (раиси собиқи ноҳияи Деваштич) – вазири кишоварзӣ

Амонулло Салимзода ( вазири собиқи кишоварзӣ) – муовини раиси вилояти Хатлон.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад