Байден: Трамп фосидтарин ва нажодпарасттарин раиси ҷумҳури таърихи Амрикост

Номзади ҳизби Демократ барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, бомдоди рӯзи сешанбе дар паёме дар Твитар Трампро фосидтарин ва нажодпарасттарин раиси ҷумҳури таърихи Амрико тавсиф кард .

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Ҷо Байден”, номзади ҳизби Демократ барои интихоботи 2020 раёсати ҷумҳурии Амрико дар паёме дар Твитер “Доналд Трамп”-ро фосидтарин раиси ҷумҳури таърихи Амрико донист .

Вай дар ин паём Тветарӣ навишт : “Доналд Трамп”,  фосидтарин раиси ҷумҳури таърихи Амрико аст . Доналд Трамп, нажодпарасттарин раиси ҷумҳури торихи Амрико аст . Доналд Трамп, бадтарин амалкарди раёсати ҷумҳуриро дар таърихи Амрико дорад . Чарои мо бояд 4 соли дигар ба вай замон бидаҳем?

Ҷо Байден, рӯзи душанбе дар суханронии интихоботии худ дар иёлати Огайо низ гуфта буд : «то як рӯзи дигар мо ме тавонем ба ин раёсати ҷумҳурӣ, ки боиси тафриқаи ин миллат шуд, поён диҳем.»

Вай дар идома гуфт : «фардо мо ме тавонем ба раёсати ҷумҳурие поён диҳем, ки дар ҳифозат аз ин миллат шикаст хӯрд . Фардо мо ме тавонем ба раёсати ҷумҳурии поён диҳем, ки бар шуълаҳои танаффур дар саросари кишвар дамид.»

Байден, якшанбе шаб низ дар паёми Тветарӣ навишт : «ман ба шумо инро қавл медиҳам, ки ба ҳарҷу мараҷи Трамп поён дода ва ин буҳронро хотима ‌бахшам .»

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад