Бозгушоӣ марзҳои заминии Туркманистон бо Эрон ва Қазоқистон

Истҳои бозрасӣ дар марзҳои Туркманистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Қазоқистон барои тараддуди мошинҳои борӣ боз аст .

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, истҳои бозрасӣ дар марзҳои Туркманистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Қазоқистон барои тараддуди мошинҳои борӣ боз аст .

Ба манзури афзоиши зарфияти содирот ва воридоти кишварҳо ва мутобиқ бо қавонини ҳамлу нақли байналмилалии борӣ, Туркманистон, ҳамлу нақли ҷодаиро аз тариқи истгоҳҳои бозрасии «Кара Буказ – Темур Бобо» дар марзи бо «Нурсултон» ва марзҳои Сарахси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ин кишвар то аввали январи 2021 тамдид карда аст .

Бозгушоӣ марзҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркманистон дар ҳоле сурат гирифта аст, ки сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар “Ашхабад”  дар дидорҳои дуҷониба бо мақомоти туркман бар бозгушоӣ марзҳо таъкид доштаанд.

Туркманистон ба унвони танҳо гузаргоҳи вуруд ба Осиё марказӣ аст, ки бо шуюи коронавирус марзҳои худро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва кишварҳои дигари минтақа баста аст .

Ҳар чанд баста шудани марзҳо барои ҳамаи кишварҳои минтақа аз ҷумла барои шаҳрвандони Туркманистон аворизи манфӣ дар бар дошта аст, аммо мақомоти ин кишвар то чанде қабл бо бозгушоӣ марзҳо мухолифат мекарданд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад