Мусалмонон сармояҳои худро аз марокизи фаронсавӣ хориҷ кунанд

Муфтии Уммон аз ба роҳ афтодани кампайни таҳрими маҳсулоти фаронсавӣ дар ҳимоят аз Паёмбари Акрам(с) истиқбол кард .

 

 

ба гузориши шабакаи хабарии “Арабии 21”, “Шайх Аҳмад Алхалилӣ”, муфтии Уммон эълом кард, ки аз кампайни таҳрими маҳсулоти фаронсавӣ дар эътироз ба тавҳин алайҳи соҳати муқаддаси Паёмбари Акрам(с) ҳимоят мекунад.

Вай дар идомаи афзуд : ман ба тамоми ғайратмандоне ки хоҳони таҳрими маҳсулот кишваре шуданд, ки ба Паёмбари Акрам(с) тавҳин кардааст дуруд мефиристам .

Муфтии Уммон баён кард : Ин кишвар , аҳамияте ба эҳсосоти уммати исломӣ дар қиболи шахсияти Паёмбари Акрам(с), ки баланд мартабатарин инсон дар ҷаҳони ҳастӣ аст надорад.

Вай идома дод : ман муътақидам, ки уммати исломӣ бояд амвол ва дороиҳои мусалмононро аз ниҳодҳои иқтисодӣ, ки чунин афродеи онҳоро идора мекунанд хориҷ кунад . Мусалмонон бояд дар сохтани як иқтисоди ҷаҳонии озод , ба истиқлоли комил бирасанд .

Шайх Аҳмад Алхалилӣ гуфт : чӣ бисёранд мутахассисоне дар уммати исломӣ, ки сарзамини худро тарк карда ва ба кишварҳои дигар хизмат мекунанд . Онҳо бояд ба сарзаминҳои исломии худ бозгарданд ва шароит барои кори онҳо фароҳам шавад .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад