Аксари ҷумҳурихоҳон хостори барканории Трамп аз қудрат ҳастанд

Вазири хориҷаи собиқи Амрико бар ин бовар аст, ки аксари ҷумҳурихоҳон хостори канорагирии Трамп аз қудрат ҳастанд вале наметавонанд ин масъаларо ба таври аланӣ ва ошкор эълом кунанд .

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ “Ҳиллари Клинтон”, вазири хориҷаи собиқи Амрико ва номзади Демократи раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи 2016 милодӣ дар рӯзномаи “New York Times” гуфт : аксари ҷумҳурихоҳон хостор ин ҳастанд, ки Доналд Трамп аз қудрат барканор шавад вале наметавонанд ин масъаларо ба таври аланӣ эълом кунанд .

Вай афзуд : аксари ҷумҳурихоҳон аз амалкарди Трамп дар даврони раёсати ҷумҳуриаш , сархурда ва маъюс шудаанд . Бештари ҷумҳурихоҳон мехоҳанди ин сафҳа баста шавад . Онҳо ҳам мисли мо хостори барканории Трамп аз қудрат ҳастанд вале наметавонанд онро алании бгӯянд .

Вай дар посух ба ин савол, ки ” оё як раиси ҷумҳури зан метавонист шуюи коронавирусро беҳтар мудирияти кунад” , гуфт : шакке надорам ба хусӯс агар он раиси ҷумҳури зан худи ман будам .

Бар асоси оморҳои донишгоҳи “Ҷон Ҳопкинс”, Амрико токунӯн беш аз 8 . 5 миллион мавриди ибтило ба коронавирусро сабт карда аст . Беш аз 225 ҳазор нафар низ токунун ҷони худро аз даст додаанд .

Клинтон изҳор дошт : наметавонам идаои пирӯзии Трамп дар интихоботи 2020-ро қабул кунам . Ин масъала воқеан манро озор медиҳад, ки бихоҳам тасаввур кунам 4 соли дигар низ ба сӯи истифода ва тахриби ниҳодҳои мо идома хоҳад дод .

Аксари назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки шанси пирӯзии Ҷо Байден, номзади Демократи раёсати ҷумҳурии Амрико нисбат ба Трамп бештар аст .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад