Мухолифати 700 иқтисоддон бо интихоби дубораиТрамп

Беш аз 700 иқтисоддон аз ҷумла чандин барандаи ҷоизаи Нобел бо интихоби дубораи "Доналд Трамп", ба унвони раиси ҷумҳури Амрико мухолифат карданд .

 

 

Ба гузориши пойгоҳи итилоъ расонии Конгрес, беш аз 700 иқтисоддон аз ҷумла чандин барандаи ҷоизаи Нобел бо интишори номаи саргушода мухолифати худро бо интихоби дубораиТрамп эълом карданд .

Бар асоси ин гузориш дар бахше аз ин нома омада аст : Доналд Трамп танҳо дар як давраи раёсати ҷумҳурӣ , Иёлоти Муттаҳидаро ғайриқобили шиносоӣ карда ва ин кор барои ӯ ҳеҷгуна авоқибе надошта аст .

Иқтисоддонони мазкӯр давраи раёсати ҷумҳурии Трампро як “тавҳини мудовим” алайҳи демократия арзёбӣ карда ва вокуниши давлати Трамп ба шуюи коронавирусро “интишори иттилооти нодуруст ва хатарнок” тавсиф карданд .

Иқтисоддонон дар идомаи ин нома афзуданд : ба ин далоил , мо қотеона тавсия мекунем, ки раъй диҳандагон ба дунболи эҳёи демократия бошанд он ҳам аз тариқи раъй додан ба барканории Трамп аз қудрат .

Аз ҷумлаи имзокунандагони ин нома метавон ба барандагони ҷоизаи Нобел аз ҷумла: Пул Милгром, Оливер Ҳарт ва Элвин Рут ишора кард .

Трамп дар мунозираи интихоботии панҷшанбе шаб бо руйкарди Ҷо Байден барои мудирияти иқтисодии Амрико ба шиддат мухолифат кард ва муовини раиси ҷумҳури собиқи Иёлоти Муттаҳидаро муттаҳам кард, ки иқтисоди Амрикоро ба вартае аз рукуд ва буҳрон ҳидоят хоҳад кард, ки шумо ҳаргиз онро таҷриба накарда бошед .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад