Узбакистон воридоти барқ аз Туркманистонро дубора оғоз кард

Намояндаи "шабакаҳои миллии барқи" Узбакистон аз воридоти муҷаддади барқ аз Туркманистон хабар дод .

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ дар Тошканд, намояндаи “шабакаҳои миллии барқи” Узбакистон эълом карданд: “Тошканд” воридоти барқ аз Туркманистонро ба таври комил аз сар гирифт .

Намояндаи “шабакаҳои миллии барқи” Узбакистон афзуданд : дар ҳоли ҳозир мутахассисони барқи Туркманистон дар хати интиқоли барқи волтажи боло мушкилоти фанниро рафъ карданд ва воридоти барқ ба ин кишвар ба таври комил аз сар гирифт .

Дар таърихи 21 октябр шабакаи барқи волтажи болои 500 киловатти системаи барқи “Сардор Марӣ” дар пайи мушкилоти фаннӣ қатъ шуда аст .

Аз тариқи ин шабакаи ҳавоӣ интиқоли барқ ба “Тошканд” то 750 мегаватти барқ сӯрат мегирифт, ки ба далели ин мушкилоти фаннӣ дар шабакаи ҳавоӣ системаи барқ , ба зарфияти 316 мегават ба таври муваққат қатъ шуда буд .

Узбакистон аз кишварҳои Осиё марказӣ аст, ки камбуди барқи мавриди ниёзи худро аз тариқи Туркманистон , Тоҷикистон ва Қирғизистон таъмин мекунад .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад