Мӯҳлати 30 рӯзаи Ҷабборов ба курропсияҳо барои афви иқтисодӣ

Содир Ҷабборов, президенти нави Қирғизистон 30 рӯз мӯҳлат додааст то коррупсияҳо пулҳои дуздидаро баргардонанд ва шомили афви иқтисодӣ гарданд.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон (Садыр Жапаров) рӯзи 21 октябр дар як изҳороти вижа хабар дод, ки афви иқтисодӣ эълон мекунад ва ба коррупсионерҳо 30 рӯз вақт медиҳад, то ҳама пулу моли аз давлат дуздидаашонро худашон баргардонанд.

Ҷабборов гуфт, ин талаби мардум аст ва бояд бидуни чуну чаро иҷро шавад.

Ӯ дар изҳороташ гуфт: “ба шумо 30 рӯз вақт медиҳам, Ман мехоҳам, то шумо худатон чунин аъмолатонро ошкор ва эътироф кунед. Ман талаб мекунам, ки тамоми пулу моли ҷамъкардаатонро ба хазинаи давлат баргардонед! Ҳар як тинни ғайриқонунӣ аз давлат гирифтаатонро ихтиёран супоред.

Ҷаббов қай кард: “молу мулк ва сармояи пинҳонкардаатонро ошкор кунед ва дар борааш маълумот диҳед”.

Вай гуфт: “ҳоло ман ба шумо вақт ва имконият дода истодаам.Агар шумо аз ин имконият истифода набаред ва афви иқтисодиро сарфи назар кунед, дар чорчӯби қонун чораҳои шадидтарин андешида хоҳанд шуд”.

Ҷабборов таъкид кард: “ман ба шумо ваъда медиҳам, ки мо молу мулк ва сармояи ҳар кадоматро муайян мекунем, сарфи назар аз онки он ҳамаро дар куҷо пинҳон кардаед”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад