Шикояти шаҳрдори Маскав аз камбуди муҳоҷирони меҳнатӣ

Сергей Собянин, раиси шаҳри Маскав мегӯяд: “пойтахти Русия муҳтоҷи муҳоҷирон шуд — зимистон аллакай наздик аст ва акнун тоҷикон хеле каманд, ки дар даст лому бели барфтозакунӣ гиранд. Бо сабаби коронавирус, онҳо Маскавро тарк карданд”.

Ӯ боварӣ дорад, ки норасоии дастгоҳро ҳамватанони мо аз дигар минтақаҳо пур мекунанд. Оё онҳо барои кор ба Маскав хоҳанд рафт ва агар ҳа, дар кадом шароит?

Сергей Собянин рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо барномаи “Ҳафтаи шаҳр” дар шабакаи телевизионии Россия-1 изҳор дошт, ки шумори муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав имсол 40% коҳиш ёфт.

Собянин гуфт: “мушкил он аст, ки дар Маскав муҳоҷирон хеле камт шуданд. Тибқи баъзе ҳисобҳо, 40 фоиз”.

Ба гуфтаи вай, коҳиши шумораи муҳоҷирон дар бозори меҳнат дар Маскав, бахусус дар соҳаи манзилу коммуналӣ, ки дар он коргарони мавсимӣ, аз ҷумла онҳое, ки аз хориҷа ҷалб шудаанд, таъсир мерасонад.

Вай илова кард: “ин кори дастӣ аст, ин бел, ҷорӯб, лом. На ҳама москвагиҳо ба кор дар чунин ҷойҳо омодаанд. Аммо мо оҳиста-оҳиста ин мушкилотро ҳал карда истодаем.Мо одамонро аз минтақаҳои дигар ҷалб мекунем”.

Коршиносон эҳтимоли иваз кардани муҳоҷирон дар Маскавро бо ҷалби шаҳрвандони Русия аз музофотҳо ба ғайриимкон медонанд.

Коршинос Никита Мкртчян мегӯяд: “мардум аз минтақаҳои ба фаррошӣ ба Маскав намеоянд. Ин ақида- иваз кардани муҳоҷирон бо шаҳрвандони Федератсияи Русия — аз соли 2008 инҷониб баррасӣ мешавад, аммо аз он вақт инҷониб чизе тағйир наёфтааст”.

Ходими калони Институти демографияи Русия Юлия Флоринская дар ин масъала як чизи мусбиро мебинад, вай мегӯяд: “русҳо доимо шикоят мекарданд, ки онҳо ба ҳайси фаррош кор намекунанд, гӯё ки ҳама ҷоро муҳоҷирон ишғол кардаанд ва онҳоро ба кор намегиранд. Ин як озмоиши холисонаест, ки ба мо имкон медиҳад бифаҳмем, ки оё пур кардани ҷои онҳо бо шаҳрвандони Русия осон аст?”.

Саволи дигар ин аст, ки оё русҳо ба рӯфтани кучаю ҳавлиҳо омодаанд?

Коршинос мегӯяд: “русҳо ба фаррошӣ намераванд, на танҳо аз он ҷиҳат, ки маош дар он ҷо кам аст. Русҳои аз минтақаҳо омода нестанд, ки бидуни оила кор кунанд ва дар шароити вазнин зиндагӣ кунанд”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад