Трамп: дар сурати бохт дар интихобот шояд маҷбур шавам Амрикоро тарк кунам

Раиси ҷумҳури Амрико зимни тамасхури Байден ва хиҷолатовар хондани бохт дар муқобил ӯ, гуфт дар сурати шикаст дар муқобили номзади ҳизби Демократ, шояд маҷбур шавад Амрикоро тарк кунад .

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Доналд Трамп”, раиси ҷумҳури Амрико дар як таҷаммуъи интихоботӣ дар Ҷурҷия бо киноя гуфт дар сурате, ки дар муқобили номзаде мисли “Ҷо Байден”, рақобатҳои интихоботиро вогузор кунад , дигар ҷое барои ӯ дар Амрико нахоҳад буд .

Ба гузориши вебгоҳи хабарии “Hill”, раиси ҷумҳур Амрико гуфт : рақобат дар муқобили бадтарин номзад дар таърихи сиёсатҳои раёсати ҷумҳурӣ, маро таҳти фишор қарор медиҳад. Метавонед тасаввур кунед ман бибозам? Чӣ бояд бикунам? Бояд бигӯям ба бадтарин номзади таърихи сиёсат бохтам?. Ҳисси хубе нахоҳам дошт. Шояд маҷбур шавам Амрикоро тарк кунам, намедонам .

Ӯ дар суханронии худ ба таври мудовим Байденро мавриди тамасхур қарор дод ва бохтан дар муқобил ӯро хиҷолатовар тавсиф кард .

Ҳамаи инҳо дар ҳоле аст, ки Трамп дар назарсанҷиҳои интихоботӣ дар фосилаи камтар аз се ҳафта монда то интихоботи Амрико аз Байден ақаб аст ва ситоди интихоботии вай 135 миллион доллар камтар аз номзади ҳизби Демократ даромдзоӣ карда аст .

Раиси ҷумҳури Амрико дар ин хусус ҳам муддаӣ шуд метавонад пули бештаре ҷамоварӣ кунад, аммо қасди анҷоми ин корро надорад .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад