40 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус дар кишвар

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро эълон кард.

Вазорати тандурустӣ хабар додааст, ки аз аввали ҳамагирии коронавируси навъи COVID – 19 то кунун гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон 10414 нафар баробар шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 16 октябр ба 10414 нафар расид.

Дар хабари вазорат омадааст: “то имрӯз дар мамлакат  9393 нафар ё худ 90,2%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 80 нафар фавтидаанд”.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, шабонарӯзи охир 76 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад