Президенти Қирғизистон ба истеъфо рафт

Раисҷумҳурии Қирғизистон рӯзи панҷшанбе дар пайи нооромиҳои пас аз интихоботи парлумонии якшанбеи ҳафтаи гузашта, аз мақоми худ канорагирӣ кард.

Ба нақл аз манобеи хабарӣ Соронбой Жээнбек‌ов дар баёнияе бо ишора ба идомаи танишҳои сиёсӣ дар Қирғизистон таъкид кард: “ҳифзи тамомияти кишвар ва иттиҳоди мардум ва оромиши ҷомеа барои ӯ болотарин авлавият аст”.

Вай ҳамчунин аз тарафҳои мунозиаи сиёсӣ хост, ки ба иқдомоти таҳрикомез поён диҳанд.

Раисҷумҳурии Қирғизистон рӯзи ҷумъаи гузашта бо эъломи вазъи изтирорӣ дар шаҳри Бишкек – пойтахт, аз артиш хост то ба нооромиҳои интихоботӣ ва даргирии хиёбонии ҳаводорони аҳзоби сиёсӣ поён диҳад.

Нооромиҳои Қирғизистон пас аз баргузории интихоботи порлумонии рӯзи якшанбеи 4 октябр оғоз шуд.

Бар асоси натоиҷи эъломшуда, чаҳор ҳизб ба парлумон роҳёфта ва 12 ҳизби дигар ҳадди нисоби 7 дарсадии оро барои вуруд ба порлумони 120 нафарии ин кишварро касб накарда буданд.

Комиссияи интихоботи Қирғизистон рӯзи сешанбе дар пайи тазоҳурот ва нооромиҳо натиҷаи интихоботи парлумониро ботил кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад