Ибрози нигаронии Путин аз ҳузури ҷангҷӯёни хориҷӣ дар Қарабоғ

Раиси ҷумҳури Русия дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои Туркияи худ аз ҳузури ҷангҷӯёни аз ховаримиёна дар даргирии Қарабоғи Кӯҳистонӣ ибрози нигаронӣ кард .

 

 

Ба гузориши манрбеи хабарӣ, Кохи Кремлини Русия, рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки “Владимир Путин”, раиси ҷумҳури Русия дар тамоси телефонӣ бо “Раҷаб Тайиб Эрдуғон”, раиси ҷумҳури Туркияи нигаронии худ аз ҳузури ҷангҷӯёни аз ховаримиёна дар даргирии Қарабоғи Кӯҳистониро иброз дошт .

Ба гузориши хабаргузории “Reuters”, Путин ва Эрдуғон дар ин гуфтугӯи телефонӣ бар аҳамияти оташ басе, ки бо васотати Маскав ҳосил шуда таъкид карданд .

Дафтари раиси ҷумҳури Туркия низ эълом кард, ки Эрдуғон дар ин гуфтугӯи телефонӣ ба Путин эълом кард, ки Анкара моил бар ҳаллӣ доимии мавзӯи Қарабоғ аст .

Даври тозае аз даргириҳо байни ин ду кишвари ҳамсоя хунинтарин набард баъд аз оташбас дар соли 1994 аст, ки токунун мунҷар ба кушта шудани шумори қобили таваҷҷӯҳи низомӣ ва ғайринизомӣ аз ду тараф шуда аст .

Даргириҳои шадиди низомӣ дар минтақаи “”Қарабаоғи Кӯҳистонӣ, аз рӯзи 27 сентиябр, миёни артиши ҷумҳурии Озарбойҷон ва артиши Арманистон оғоз шуда аст . Минтақаи Қарабаоғи Кӯҳистонӣ аз манзари қавоиди байналмилалӣ бахше аз хоки ҷумҳурии Озарбойҷон маҳсуб мешавад, аммо дар ҳоли ҳозир дар ин минтақа як ҷумҳурии худхонда қудратро дар даст дорад .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад